News and Blog

ҲАМБАСТАГИИ ШАВҚ БО ТЕХНОЛОГИЯ: ЗЕҲНЕ, КИ ДУНБОЛИ НАВГОНИҲО АСТ

DSC05519
Хабарҳо

ҲАМБАСТАГИИ ШАВҚ БО ТЕХНОЛОГИЯ: ЗЕҲНЕ, КИ ДУНБОЛИ НАВГОНИҲО АСТ

1. Метавонед худро муаррифӣ кунед ва бигӯед, дар кадом барнома таҳсил доред?

Номи ман Адҳам Курбонов аст. Ҳоло ман дар барномаи бакалаврӣ аз рӯи ихтисоси киберамнияти Донишгоҳи Тиссайди Британияи Кабир таҳсил мекунам, 20 сола ҳастам. Ман аз 10-солагӣ ба киберамният шавқ пайдо кардам ва дар синни 12-солагӣ ба барномаҳои “BUG BOUNTY”иштирок мекардам — камбудиҳои амниятии сайтҳои ширкатҳоро пайдо намуда, барои ин ҷоиза мегирифтам. Ҷоизаи аввал шавқи маро боз ҳам бештар кард ва аз он вақт инҷониб ман ба ин соҳа ҷиддан машғул ҳастам.

То имрӯз ба зиёда аз 150 ширкат кӯмак кардаам ва чанд маҳсулот дар соҳаи киберамният таҳия намудам. Ҳоло ман болои абзорҳои муосири Зеҳни сунъӣ барои киберамният кор мекунам, ки комилан ройгон, боз аopen-source) ва барои корбарони дорои дониши оддии компютерӣ пешбинӣ шудаанд. Ман ҳамчунин сертификати Certified Ethical Hacker (CEH v12) дорам.


2. Чӣ боис шуд, ки ба IT ва инноватсия шавқ пайдо кунед?

Вақте ки 8-сола будам, тасодуфан дари мошини падарро бо бозӣ бо қулф боз кардам. Он вақт бори аввал дарк кардам, ки ман ба “ҳакерии дастгоҳӣ” кунҷкобӣ дорам. Дар синни 10-солагӣ аккаунтҳои бозии ман берунрезӣ ва рамзҳоям ифшо шуданд. Ин ҳодиса маро водор кард, ки этикаи ҳакериро омӯзам, то тавонам худро аз ҳамлаҳо муҳофизат кунам.

Дар синни 11, вақте мустақилона тавассути Google этикаи ҳакериро меомӯхтам, падар бо ман силсилафилми Mr. Robot-ро тамошо кардан гирифт, то маро ҳавасманд кунад. Ин филм ба ман илҳоми зиёд дод. Баъдан дар 12-солагӣ ман аввалин маротиба як сайтро бозкушоӣ ё худ “дефейс” кардам. Бовар дорам, ки бисёр мутахассисони киберамният чунин саргузашт доранд — ҳаваси аввалини онҳо аз филм ё сериалҳо сар мешавад.


3. Роҳи шумо дар IT аз куҷо оғоз шуд? Оё лаҳзаи махсусе буд?

Роҳи ман аз насб кардани BackTrack ба ноутбуки асосиам оғоз шуд. Ман қадам ба қадам аз рӯи дастурҳои интернет амал мекардам. Пас аз насб тамғаи чанд абзори Wi-Fi hacking-ро дидам. Вақте Wifite-ро бори аввал кушодам, терминал пур аз фармонҳо ва рақамҳо шуд. Ман фавран сар кардам, ки бифаҳмам чӣ маъно доранд ва чӣ гуна истифода мешаванд.

Пас аз як соли таҷриба бо BackTrack, раванди омӯзиши ман хеле тез шуд. Сипас аз падар хоҳиш кардам, ки барои омӯзиш курсҳои онлайн харад, ки дар онҳо абзорҳо, шабакаҳо ва системаҳои оператсионӣ фаҳмонда мешуданд.


4. Метавонед лоиҳаи худро бо забони сода шарҳ диҳед?

Ҳадафи асосии лоиҳаҳои ман — осон ва дастрас сохтани имкониятҳои киберамният барои ҳама аст. Ман ба эҷоди абзорҳои Зеҳни сунъӣ тамаркуз мекунам, ки дар дастгоҳи корбар ҷойгир шуда, бе интернет ва бе таҷҳизоти пурқувват кор мекунанд. Ман истилоҳоти содаро истифода мебарам, то корбар худро амн ҳис кунад.

То имрӯз ман се густаришдиҳандаи Chrome таҳия кардам — онро бо ҷустуҷӯи «DataSec» дар Chrome Web Store пайдо кардан мумкин аст. Дутои онҳо абзорҳои Зеҳни сунъӣ барои ошкор кардани фишинг мебошанд: яке URL-ҳоро месанҷад, дуввумӣ матнро барои нишонаҳои фишинг таҳлил мекунад.


5. Лоиҳаи шумо кадом мушкилиҳоро ҳал мекунад?

Афзалияти асосӣ — дастрасӣ. Аксари абзорҳои корпоративии киберамният гарон ва ба фиристодани маълумот ба серверҳои ширкатҳо ниёз доранд. Аммо маҳсулоти ман кафолат медиҳанд, ки тамоми маълумот дар дастгоҳи худи корбар мемонад. Ҳеҷ чиз ба интернет ё сервери дигар фиристода намешавад.

Ҳама чиз маҳаллӣ ва бо интерфейси сода кор мекунад — барои ҳар корбар фаҳмо аст.


6. Чӣ шуморо ба сохтани ин идея таҳрик дод? Оё он ба мушкили воқеӣ асос ёфтааст?

Ман мехостам аз густаришдиҳии антифишинг истифода барам, вале аксари онҳо интернет талаб мекунанд ва усулҳои нави ҳамларо намешиносанд. Нармафзорҳои беҳтар — гарон ҳастанд ва ҳамоно ба интернет вобастаанд. Ҳатто бо VPN IP-и шумо метавонад тавассути WebRTC ифшо шавад — яке аз замимаҳои ман маҳз ин мушкилро ҳал мекунад.

Чат-ботҳои киберамниятӣ қувваи бузурги ҳисоббарорӣ мехоҳанд ва автоматӣ нестанд — ин камбудии ҷиддии бисёр нармафзорҳо мебошад. Ҳатто нармафзорҳои таҳлили осебпазирии код гарон ва вобаста ба фиристодани матн ба серверҳои Зеҳни сунъӣмебошанд.

Ман мехоҳам ҳамаи инҳоро дастрас, ҳузурӣ, яъне офлайн, арзон ва ҳатто ройгон созам. Корбурд бидуни реклама, бидуни сабти ном, яъне танҳо насб ва истифода. Чизе, ки корпоратсияҳои калон барои он маблағи калон мегиранд, ҳоло дар браузер кор мекунад ва ба кор халал намерасонад.


7. Кадом технологияҳо, забонҳои барномасозӣ ё абзорҳоро истифода бурдед?

Ҳама маҳсулот бо Python таҳия шудаанд — асосан TensorFlow ва яке аз онҳо бо PyTorch. Инҳо аз маъруфтарин фреймворкҳо барои омӯзиши моделҳои ML мебошанд. Ман маблағи зиёдро барои иҷора гирифтани серверҳои GPU харҷ кардам.


8. Бо кадом мушкилоти асосӣ рӯ ба рӯ шудед?

Аз ҳама хастакунанда он буд, ки сервер танҳо ду соат кор мекард. Ҳатто 100 гигабайт хотира кофӣ набуд — маҷбур будам барои ҷойгирии иловагӣ иҷора гирам. Ҳамчунин маҷбур шудам раванди бозоғозӣ, боркунӣ ва идомаи омӯзишро худкор созам.


9. Таҷрибаи академӣ ва модулҳои MDIS Dushanbe чӣ гуна ёрӣ расонданд?

Таҳсил дар донишгоҳ ва дарсҳои устодон маро барои заҳматкашӣ ва талош барои муваффақият илҳом доданд. Ба ҷои такя ба абзорҳои мавҷуда, мехоҳам маҳсулоти ҷаҳонӣ созам, ки ба ман барои пешрафту расидан ба ҳадафҳо кӯмак мекунанд.


10. Ба донишҷӯёни дигар чӣ маслиҳат медиҳед?

Ҳеҷ чизро ба фардо нагузоред. Агар хоҳед чизе омӯзед — аз ҳамон лаҳза оғоз кунед. Таъхир шуморо дар ҳамон ҳангоми нақшакашӣ нигоҳ медорад ва агар як бор таъхир кардед, эҳтимол боз такрор мешавад ва дар ниҳоят аз вақти ҳадаррафта пушаймон мешавед.

Агар мехоҳед киберамният омӯзед — роҳи душворро интихоб кунед: Linux-ро насб кунед, аз он наҳаросед ва омӯзишро оғоз намоед. Агар тарсед ё танбалӣ кунед — шояд ин роҳи шумо нест.


11. Муҳимтарин дарси гирифташуда?

Киберамният соҳаи душвор аст ва сабр, таҳлил ва малакаи ҳалли мушкилот талаб мекунад. Муҳимтарин дарс — замон ҳама чизро ҳал мекунад. Агар шумо саривақт амал накунед, дигарон идеяи шуморо амалӣ мекунанд ва танҳо пушаймонӣ мемонад.


**ТАШАККУР БА ШУМО АДҲАМ ҚУРБОНОВ!

АЗ MDIS DUSHANBE БА ШУМО ДАР ТАҲСИЛ КОМЁБИҲО**
МУСОҲИБ: ДЕКАНИ MDIS DUSHANBE –  ЭНДИ ТАН КИЕН ЧИАНГ