News and Blog

Ҳамкории Tcell ва ДРМС Душанбе: Омӯзиши мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва киберамният

photo_2024-02-02_18-37-27
Хабарҳо

Ҳамкории Tcell ва ДРМС Душанбе: Омӯзиши мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва киберамният

Рӯзи 2 феврал мулоқоти муҳими Озодхон Давлатшоев, раиси ширкати Tcell ва Зайнидин Мухторович, ректори Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур (MDIS) дар Душанбе баргузор шуд. Тайёр кардани мутахассисони ҷавон барои соҳаи технологияҳои иттилоотӣ самти афзалиятноки стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф ҷонибҳо созишномаеро ба имзо расониданд, ки ба ҷудо кардани квотаҳои таълимӣ ва тавсеаи имконоти омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ нигаронида шудааст. Дар доираи ин шарикӣ донишҷӯёни MDIS-и Душанбе метавонанд дар асоси озмун 100% маблағгузории таҳсил ва имкониятҳои шуғли минбаъдаро дарёфт кунанд.

Ин ҳамкорӣ як қадами муҳим дар роҳи эҷоди як фонди истеъдодҳои баландихтисос хоҳад буд, ки қодир ба талаботи рӯзафзуни саноати технологияи кишварро қонеъ гардонад. Дар навбати худ, Tcell имкони ҷалби мутахассисони боистеъдодро пайдо мекунад, ки омодаанд дар рушди ширкат ва дар маҷмӯъ бахши ТИ саҳмгузор бошанд.

MDIS Душанбе ба Tcell барои истиқболи самимӣ ва саҳми назаррас дар рушди таҳсилоти босифати байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос ва миннатдории амиқ баён мекунад. Мо боварӣ дорем, ки шарикии мо донишҷӯёнро барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланд ва рушди касбӣ дар соҳаи технологияҳои муосир ҳавасманд мекунад.