Марҳилаи таърихӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон: маросими хатми аввалини зинаи магистрии мудирияти MBA дар MDIS Душанбе бо ҳамкории Донишгоҳи Сандерланд (Бритонияи Кабир).
28.04.2026 2026-04-29 11:23Марҳилаи таърихӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон: маросими хатми аввалини зинаи магистрии мудирияти MBA дар MDIS Душанбе бо ҳамкории Донишгоҳи Сандерланд (Бритонияи Кабир).
Марҳилаи таърихӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон: маросими хатми аввалини зинаи магистрии мудирияти MBA дар MDIS Душанбе бо ҳамкории Донишгоҳи Сандерланд (Бритонияи Кабир).
Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур (MDIS) дар шаҳри Душанбе як рӯйдоди таърихиро, яъне аввалин маросими хатми барномаи магистрии зинаи мудириятро (МВА) дар Тоҷикистон бо Донишгоҳи Сандерланд (Бритонияи Кабир) махсус қайд намуд. Дар ин чорабинӣ 15 хатмкунандаи барномаи MBA расман дипломҳои худро гирифтанд, ки рамзи анҷоми муваффақонаи барномаи байналмилалии Британиияи Кабир дар самти зинаи таҳсилоти магистратура аст, ки дар шаҳри Душанбе амалӣ гардид.
Ин маросими таърихӣ нахустин маросими хатмкунии донишҷӯёни донишгоҳи Британияи Кабир дар Тоҷикистон буда, оғози марҳилаи нав дар рушди таҳсилоти олӣ дар кишварро нишон медиҳад. Он имконияти дастрасии бештар ба барномаҳои байналмилалӣ ва гирифтани дипломҳои сатҳи ҷаҳонӣ бе зарурати сафар дар хориҷро таъмин менамояд.
Дар чорабинӣ шахсиятҳои барҷаста аз соҳаи илм, аз мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ, дипломатия ва равобити байналмилалӣ иштирок намуданд. Аз ҷумла аз Британияи Кабир доктор Ҷеймс Скотт, директори барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ дар Донишгоҳи Сандерланд, нуктаҳои муҳими ҳамкорӣ, сифати таҳсилот ва дастовардҳои донишгоҳро мутобиқ ба стандартҳои баланди байналмилалӣ таъкид намуд.
Ҳамчунин ҷаноби Алекс Ло Чанг-Ти, директори иҷроияи MDIS аз Сингапур, дар бораи рисолати ҷаҳонии Донишкада барои густариши таҳсилоти босифат дар кампусҳои байналмилалӣ сухан гуфт. Ректори MDIS Душанбе, профессор Зайнидин Мухторов оид ба нақши муҳими Донишкада ҳамчун маркази муҳими таҳсилоти олии байналмилалӣ дар Тоҷикистон ибрози андеша намуд.
Аз тарафи намояндагони мақомоти давлатӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нуктаҳои муҳим баён гардиданд. Аз ҷумла, муҳтарам Муҳаммадтоҳир Саидзода, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарурати таъмини сифати баланди таҳсилоти байналмилалиро махсус қайд намуд.
Ҷаноби Ҳакимҷон Исмоилзодa, муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши таҳсилоти олӣ дар татбиқи стратегияҳои миллии рақамисозӣ ва инноватсияро омили муҳим арзёбӣ намуд. Намояндагии дипломатияи Британияи Кабирро хонум Зинат Ханче, муовини роҳбари намояндагии Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон намояндагӣ намуд, ки иштироки ӯ нишонаи таҳкими робитаҳои устувор дар самти таҳсилоти олӣ, фарҳанг ва илми байни Тоҷикистон ва Бритонияи Кабир мебошад.
Ҳамчунин доктор Океома Ҷон-Пол Океке, роҳбари шарикиҳои байналмилалии Донишгоҳи Сандерланд, ки нақши калидӣ дар густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таъмини сифати барномаҳо дорад, бо суханронии муассир иштирок намуд.
Маросимро декани MDIS Душанбе ҷаноби Энди Тан Кйен Чианг роҳбарӣ кард, ки бо дидгоҳ ва роҳбарии худ собит намуд, ки Донишкада ба маркази таҳсилоти байналмилалӣ дар Тоҷикистон табдил шуда истодааст.
Маросим тавассути се шабакаи телевизионии асосӣ — ТВТ (Телевизиони давлатии марказии Тоҷикистон), ТВ «Ҷаҳоннамо» ва ТВ «Илм ва табиат» — фарогирии васеъ пайдо кард ва аҳамияти миллӣ ва байналмилалии онро боз ҳам бештар намуд.
Ин маросим танҳо як ҷашни академӣ нест, балки қадами муҳим дар тағйироти таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон мебошад. Амалӣ шудани барномаи MBA-и донишгоҳи Британияи Кабир дар Душанбе омодагии кишварро барои қабули стандартҳои байналмилалӣ ва рушди захираҳои инсонӣ тавассути таҳсилоти сатҳи ҷаҳонӣ нишон медиҳад.
Дастовардҳои 15 нафар хатмкунанда садоқат, устуворӣ ва муваффақияти академии онҳоро инъикос менамояд. Муваффақияти онҳо насли ояндаро илҳом мебахшад ва арзиши ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи таҳсилот таъкид мекунад.
Аввалин маросими хатмкунии MBA, ки аз ҷониби MDIS Душанбе ва Донишгоҳи Сандерланд баргузор гардид, як марҳилаи таърихӣ дар роҳи таҳсилоти Тоҷикистон мебошад. Он оғози давраи нави байналмилалишавии таҳсилоти олӣ, таҳкими шарикиҳои ҷаҳонӣ ва густариши имкониятҳои академии босифатро нишон медиҳад. Ин рӯйдод ҳамчун як лаҳзаи муҳими таърихӣ дар хотир мемонад, ки Тоҷикистонро дар фазои таҳсилоти байналмилалӣ муаррифӣ намуд.
Related Posts
Барномаи тайёрӣ ба имтиҳони дохилшавии англисӣ дар MDIS Душанбе.
Миннатдории самимӣ ба ризокорон: MDIS Душанбе маросими қадрдонӣ баргузор намуд
Форуми байналмилалии нахустини MDIS Душанбе: Пайванди маориф, тадқиқот ва навоварӣ.
Search
Categories


