Арзёбӣ

Арзёбӣ

Бо мақсади амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021 (№54) ва омода намудани мутахассисони дорои тахассуси байналмилалӣ, дар соҳаҳои менеҷменти саноат, туризм ва меҳмондорӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва киберамният, ҳифзи иқтидори зеҳнӣ ва истифодаи самараноки он дар бозори меҳнат, бо қарори Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2022 (№7/4), Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе (MDIS Душанбе) соҳиби иҷозатномаи фаъолият дар соҳаи маориф гардида, айни замон дар ин самт тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Тибқи банди алоҳидаи қарори Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти хулосаи комиссияи махсуси иҷозатномадиҳӣ, ки ба ҳайати он мутахассисони баландихтисос шомиланд, зикр мегардад, ки: иҷозат бояд ба муддати 5 (панҷ) сол ба MDIS Душанбе барои пешбурди фаъолияти таълимӣ тавассути пешниҳоди барномаҳои таълимӣ дар самтҳои зерин дода шавад:

Сертификати соли таҳсили умумикасбӣ  – соли аввали таҳсил, ки Сертификат аз ҷониби MDIS (Сингапур) дод мешавад ва ба курси мазкур довталабоне шомил мегарданд, ки мактаби миёна (таҳсилоти ҳатмӣ 11 сола) ё литсейи касбӣ ё коллеҷи касбӣ (таҳсилоти ҳатмӣ 12 сола)-ро хатм кардаанд ва мехоҳанд таҳсили худро дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ оғоз кунанд. Таҳсил дар Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе сурат мегирад.

Дипломи касбӣ дар соҳаи туризм ва меҳмоннавозӣ – Барномаи таълимӣ барои гирифтани тахассус дар соҳаи туризм ва меҳмоннавозӣ бо ҳадафи асосии омӯзиш ва рушди малакаҳои касбӣ ва табдил додани кормандони соҳавии собиқадор, ба мутахассисони варзидаи босалоҳият ва муваффақ дар бахши туризму меҳмондорӣ ва туризми байналмилалӣ ва дорои малакаҳои муосири касбӣ.    

Шаҳодатномаи касбӣ аз забони англисӣ Барномаи махсус тарҳрезишуда, ки ба донишҷӯён дар гирифтани малакаҳои забони англисӣ ва дар омодагӣ ба таҳсилоти олӣ бо забони англисӣ нигаронида шудааст.

Дар ин росто, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ҳамкорӣ намуда, ҳамеша саъй менамояд, ки машғулиятҳои таълимӣ ва дигар чорабиниҳои раванди таҳсил самаранок ба роҳ монда шавад.

Қобили зикр аст, ки барномаҳои таълимӣ ва фанҳои пешниҳоднамудаи Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур (ДРМС) мутобиқи талабот ва стандартҳои байналмилалӣ, иҷозатномаҳои соҳавии Ҷумҳурии Сингапур, инчунин иҷозатномаҳои сатҳи байналмилалӣ аз баҳодиҳии махсус ва иҷозатномадиҳии амалкунанда гузаштаанд.

Донишкада дар озмуни касби ҷоизаи маъруфияти Сингапур (SPBA) ғолибияти дукарата ба даст овард. Донишкада яке аз чаҳор ғолибони мунтахаб ва инчунин ғолиби умумии SPBA – «Heritage Brands 2018» гардид. Дар соли 2017 Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур барои саҳми арзанда дар таҳкими иқтисодиёти Сингапур мавқеи 4-умро бо гирифтани Ҷоизаи «Enterprise 50» сазовор гардид. Дар соли 2019, ДРМС аз Гурӯҳи муассисаҳои хидматрасонии Сингапур ба Гурӯҳи муассисаҳои сифати Сингапур муваффақона гузашт ва ҳамакнун яке аз ғолибони Ҷоизаи шоистаи корпоративӣ дар низоми Ҷоизаи тандурустии дусолаи Сингапур мебошад.

Бо идомаи анъанаи деринаи ҳамбастагӣ бо ҷомеа соли 1999 Фонди боварии маорифи ДРМС ифтитоҳ ёфта, донишҷӯёни арзандаро, ки дар идомаи таҳсил дар Сингапур дучори мушкилоти молиявӣ ҳастанд, дастгирӣ мекунад. То имрӯз, ДРМС зиёда аз 8,000 стипендия ва кӯмакпулиҳоро ба маблағи умумии 6.3 миллион доллари ИМА ба ниёзмандон дастрас намудааст. Донишкада инчунин якчанд созмонҳои хайрияро фаъолона дастгирӣ мекунад ва ба ҷомеа дар расонидани кӯмак ба ҷавонон, пиронсолон ва маъюбон имконият фароҳам овардааст.