Бакалавр дар соҳаи Идоракунии Бизнес ва Молия

Оғози қабул ба курс
октябри 2026

 Давомнокии курс
36 моҳ

 Маълумот барои курс
+992 8888 02 777

      Молия ва мудирияти бизнес-ин калиди комёбиҳои беназир дар ҷаҳони муосир аст. Ширкатҳо, марказҳои бузург, стартапҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ мутахассисонеро ҷустуҷӯ мекунанд, ки қобилияти баланди корӣ ва тафаккури стратегӣ дошта, ҳамеша қарорҳои дуруст ва саривақтӣ қабул менамоянд ва дар баробари ин захираҳоро самаранок идора мекунанд.

    Барномаи мо ҳамбастагии асосҳои академӣ ва равиши амалӣ мебошад. Шумо таҳлили молиявӣ, банақшагирии сармоягузорӣ, идоракунии лоиҳаҳо, менеҷменти стратегӣ ва мудирияти самарабаъши иқтисодро меомӯзед. Мо на танҳо рақамҳоро меомӯзонем, балки тарзи фикрронӣ ва хулосабарориҳои натиҷабахшро дар самти фаъолияти нодири соҳибкорӣ бо назардошти муносибати чандир ва касбӣ рушд медиҳем.

    Донишҳои касбкардаи Шумо дарҳои бузургро барои соҳаҳои бонкӣ, консалтинг, молияи корпоративӣ ё тиҷорати хусусии Шумо боз менамояд. Мартаба ва камолоти касбии худро бо заминаи устувор бунёд намуда, фаъолияти худро бо омӯзиши барномаи мо дар соҳаи молия ва мудирияти бизнес оғоз кунед.

Соли 1 

  • Ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ҷомеа 
  • Рушди малакаҳои идоракунии бизнес 
  • Фаҳмиши бозорҳо ва маркетинг 
  • Асосҳои қабули қарорҳои молиявӣ 

Соли 2 

  • Идоракунии фаъолияти худ (Self-management) 
  • Иҷрои лоиҳаҳо барои муваффақияти ташкилот 
  • Молияи корпоративӣ ва арзёбии портфелҳо 
  • Молия ва қабули қарорҳои молиявӣ барои менеҷерон 

Соли 3 

  • Роҳбарии стратегӣ ва ҳамкорӣ 
  • Мудирияти устуворӣ ва бардавомии бизнес 
  • Консалтинги бизнес 
  • Мудирияти молиявӣ 
  • Дараҷаи дониши забони англисӣ: C6 GCE ‘O’ Ё 
  • Сертификати IELTS 6.0 (бе имтиҳонҳои камтар аз 5.5) Ё 
  • Сертификати касбии MDIS аз фанни англисӣ Ё 
  • Супоридани тести қабул забони англисӣ дар MDIS Душанбе 

Шакли рӯзона: 36 моҳ

  • Довталабоне, ки то 31 августи соли 2026 дархостҳои худро пешниҳод мекунанд, метавонанд тахфифи 20% гиранд.

Сохтор

Ҳаққи таҳсил

  Тахфиф 20%

Барои донишҷӯёни Тоҷикистон

49,000 TJS

39,200 TJS

Барои донишҷӯёни хориҷӣ

5,319 USD

Ҳаққи пешниҳоди ариза:

  405 TJS

Шарҳ:

  • Ҳама пардохтҳои бақайдгирӣ баргардонида намешаванд.
  • Ҳама пардохтҳо бо назардошти андозҳо мебошанд.
  • Барои маълумоти бештар дар бораи тахфифҳо ва квотаҳои таълимӣ, лутфан бо мушовирони мо тамос гиред.
  • Тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи маблағҳои бо доллари ИМА нишондодашуда бояд бо пули миллӣ (сомонии Тоҷикистон) бо қурби Бонки миллӣ дар рӯзи пардохт пардохт карда шаванд.
  • Ҳама пардохтҳо аз моҳи июни соли 2026 ҷорӣ мебошанд ва метавонанд тағйир ёбанд.

Барои маълумоти бештар бо мушовири мо дар тамос бошед: 

☎️ Телефон: +992 8888 02 777 / +992 888 002 777 
📧 Email: info@mdis.edu.tj 

Агар Шумо ба ин барномаи таълимӣ таваҷҷуҳ дошта бошед ё мехоҳед машварати инфиродӣ гиред, маълумоти худро ба мо фиристед ва мо ба зудӣ бо Шумо тамос мегирем.

    ДРМС Душанбе махфияти шуморо қадр мекунад ва мо ӯҳдадор мешавем, ки маълумоти шахсии шуморо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2018, No1537 «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ» ҳифз кунем. Бо пешниҳоди маълумоти шахсии шумо, шумо розӣ мешавед, ки ДРМС Душанбе маводи таблиғотиро бо шумо мубодила кунад.