Бакалавр (ихтисос)  Технологияи иттилоотӣ

Оғози қабул ба курс:
Oктябри 2026

 Давомнокии курс
24 моҳ

 Маълумот барои курс
+992 8888 02 777

   Ҳадафи барномаи Технологияи иттилоотӣ омода намудани мутахассисоне аст, ки дорои малакаҳои маъсуси технологгӣ ва техникӣ, ҳамчунин касбӣ ва идоракунӣ буда, тавонанд системаҳои гуногуни технологияҳои иттилоотӣ ва мухобиротиро дар системаҳои гуногуни саноат ва ҳаёти ҷомеа танзим намоянд ва низоми рушду банақшагирии татбиқи онҳоро идора намоянд. 

   Барнома ба ташаккули малакаҳом махсуси касбӣ, тафаккури таҳлилӣ ва тафаккури интиқодӣ, таҷрибаи ҳисоббарории мураккаб ва муназзам, фаҳмиши амиқи ҷанбаҳои иҷтимоӣ, касбӣ, ахлоқӣ ва ташкилу танзими тарзи истифодаи технология аҳамияти махсус медиҳад. 

    Донишҷӯён тавассути лоиҳаҳои гуногуни амалӣ, ҳамкорӣ бо саноат ва кор бо мизоҷони воқеӣ таҷрибаи ксбӣ мегиранд, ки ин ҳама ба онҳо имкониятҳои беҳтарини азбар намудани малакаҳои гуногуни барои замони муосир мутобиқ ва ба талаботи бозори байналмилалии меҳнат созгор мусоидат менамояд. 

    Дар баробари ин барнома тамоюлҳои навтарин ва тадқиқоти муосирро дар соҳаи Технологияҳои иттилоотӣ фаро гирифта, донишҷӯёнро барои дар оянда расидан ба мартабаҳои баланди касбӣ ва ишғоли вазифаҳои роҳбарикунанда дар танзиму рушд ва идоракунии технологияҳои иттилоотӣ омода мекунад. 

    Бо таваҷҷӯҳ ба рушди касбӣ, донишҷӯён дар гурӯҳҳои гуногуни академӣ фаъолият меварзанд, методологияҳои идоракунии лоиҳаҳои соҳавиро чун PRINCE2® ва ITIL® меомӯзанд ва мунтазам ба нармафзорҳои гуногуни омӯзишӣ ва таҷҳизоти стандартии соҳа дастрасӣ доранд. 

Соли 1 

  • Муқаддима ба барномасозӣ бо JavaScript 
  • Ҷамъоварии бехатари маълумот 
  • Амнияти иттилоот ва ҷиноятҳои киберӣ 
  • Рушди системаҳои тиҷоратӣ 
  • Рушди босуръати барномаҳо 
  • Тарҳрезии системаҳо ва пойгоҳи додаҳо 

Соли 2 

  • Барномасози системаҳои иттилоотӣ (IS Developer) 
  • Ҳалли тиҷоратӣ бо асоси коди кушода 
  • Идоракунии шабака ва системаҳо 
  • Пойгоҳҳои додаҳои релятсионӣ ва NoSQL 
  • Системаҳои рушди босуръат 

Соли 3 

  • Пойгоҳи додаҳо ва зеҳни тиҷоратӣ 
  • Ҳалли тиҷоратӣ бо таваҷҷӯҳ ба мизоҷ 
  • Лоиҳаи ҳисоббарорӣ 
  • Идоракунии хизматрасонӣ 
  • Идоракунии иттилоот 
  • Баҳои C6 аз забони англисӣ дар GCE ‘O’ Levels Ё 
  • IELTS 6.0 (ҳамаи қисматҳо 5.5 паст набошад) Ё 
  • Сертификати касбии MDIS аз забони англисӣ Ё 
  • Гузаштан аз санҷиши ҷойгиркунии MDIS аз забони англисӣ Ё 
  • Баробар ба ин 

Шакли рӯзона: 24 моҳ

  • Довталабоне, ки то 31 августи соли 2026 дархостҳои худро пешниҳод мекунанд, метавонанд тахфифи 20% гиранд.

Сохтор

Ҳаққи таҳсил

  Тахфиф 20%

Барои донишҷӯёни Тоҷикистон

52,000 TJS

41,600 TJS

Барои донишҷӯёни хориҷӣ

5,319 USD

Ҳаққи пешниҳоди ариза:

  405 TJS

Шарҳ:

  • Ҳама пардохтҳои бақайдгирӣ баргардонида намешаванд.
  • Ҳама пардохтҳо бо назардошти андозҳо мебошанд.
  • Барои маълумоти бештар дар бораи тахфифҳо ва квотаҳои таълимӣ, лутфан бо мушовирони мо тамос гиред.
  • Тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи маблағҳои бо доллари ИМА нишондодашуда бояд бо пули миллӣ (сомонии Тоҷикистон) бо қурби Бонки миллӣ дар рӯзи пардохт пардохт карда шаванд.
  • Ҳама пардохтҳо аз моҳи июни соли 2026 ҷорӣ мебошанд ва метавонанд тағйир ёбанд.

Барои маълумоти бештар бо мушовирони мо дар тамос шавед: 

📞 Телефон: +992 8888 02 777 / +992 888 002 777 
✉️ Почтаи электронӣ: info@mdis.edu.tj 

Савол доред ё ба кӯмак ниёз доред?

Агар Шумо ба ин барномаи таълимӣ таваҷҷуҳ дошта бошед ё мехоҳед машварати инфиродӣ гиред, маълумоти худро ба мо фиристед ва мо ба зудӣ бо Шумо тамос мегирем.

    ДРМС Душанбе махфияти шуморо қадр мекунад ва мо ӯҳдадор мешавем, ки маълумоти шахсии шуморо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2018, No1537 «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ» ҳифз кунем. Бо пешниҳоди маълумоти шахсии шумо, шумо розӣ мешавед, ки ДРМС Душанбе маводи таблиғотиро бо шумо мубодила кунад.