Бакалаври Маркетинг ва мудирияти бизнес

CОғози қабул ба курс
Oктиябри 2025

 Давомнокии курс
36 моҳ

 Маълумот барои курс
+992 8888 02 777

    Маркетинг ва мудирияти бизнес- касби камол дар ин ришта малака ва қобилияти таъсирбахшӣ ва мудирияти раванди тиқорат, бизнес ва дигар намуди фаъолият дар низоми саноату иқтисод ва танзими муносибатҳои иҷтимоӣ аст, ки таҳсилкунандагон дар доираи ин барнома қобилияти роҳнамоӣ ва ва донишу малакаҳои танзими раванду ҳолатҳои гуногунро азбар менамоянд. Ҳамзамон барномаи мазкур ба ташаккул ва омодасозии мутахассисони варзидаи соҳа мусоидат менамояд, ки онҳо дар таҳия, татбиқ ва мудирияти лоиҳаҳои гуногуни хурду бузург бо муваффақият ва бо иродаи хос пеш мераванд ва дар шароити таҳаввулоти гуногун ва тағйироти доимӣ қарорҳои муҳими стратегӣ қабул мекунанд.

    Барномаи маркетинг ва мудирияти бизнес тамоми маҷмӯи абзорҳои маркетингӣ ва идоракуниро бо назардошти таълими мукаммал ва дар сатҳи меъёрҳои байналмилалии омодасозии мутахассисон фаро мегирад.
Барнома барои таълиму тадриси донишу қобилиятҳои махсуси марбут ба рафтори истеъмолкунанда, идоракунии бренд ва ё худ арзишмандии маҳсулоту хизматрасонӣ, маркетинги рақамӣ, банақшагирии стратегӣ, мудирияти равандҳо, муносибатҳои соҳибкорӣ ва идораи даста комилан созгор ва мувофиқ аст.

  Зимни азбаркунии барномаи мазкур Шумо бо ҳолатҳои воқеӣ кор мекунед, тарзи гузаронидани маърака ва чорабиниҳои гуногунро азбар намуда, таҳияи онҳоро таҷриба мекунед ва тарзи фикрронии маркетолог ва менеҷерони муосирро меомӯзед.

    Бад-ин минвол риштаи маркетинг ва мудирияти бизнес ихтисоси вижаест, ки дониши фароху мукаммал, малакаҳои зеҳнии барҷаста, эҷодкорӣ ва дигар малакаҳои танзими муносибатҳо ва қобилияти хоси фаълияти тиҷоратиро талаб мекунад.
  Риштаи мазкур бар он далолат мекунад, ки  Шумо маҳсулоти наву тоза ва арзишманду нодир эҷод кунед, ки таваҷҷуҳро ҷалб кунанд, дастаҳое созед, ки фаъолияти он натиҷа медиҳанд ва аз ин лиҳоз қадами аввалро бо барномаи мо дар соҳаи маркетинг ва мудирияти бизнес ба пеш гузоред.

Соли 1 

  • Ташкилотҳои бизнес ва ҷомеа 
  • Рушди малакаҳои идоракунии бизнес 
  • Фаҳмиши бозорҳо ва маркетинг 
  • Асосҳои қабули қарорҳои молиявӣ 

Соли 2 

  • Худидоракунӣ (Self-management) 
  • Иҷрои лоиҳаҳо барои дастоварди ташкилот 
  • Амалияи маркетинги ҳамгиро 
  • Таҳлил дар маркетинг 

Соли 3 

  • Роҳбарии стратегӣ ва ҳамкорӣ 
  • Мудирияти устуворӣ ва бардавомии бизнес 
  • Машварати тиҷоратӣ 
  • Брендинг дар давраи рақамӣ 
  • Дониши забони англисӣ дар сатҳи GCE ‘O’ C6 Ё 
  • Сертификати IELTS 6.0 (бе ягон қисм аз 5.5 пасттар) Ё 
  • Сертификати касбии MDIS оид ба забони англисӣ Ё 
  • Супоридани тести қабули забони англисӣ дар СИРМ Душанбе 

Таҳсилоти рӯзона: 36 моҳ 

  • Аризадиҳандагоне, ки то 31 августи соли 2026 аризаи худро пешниҳод мекунанд, метавонанд 20% тахфиф гиранд .

Сохтор

Ҳаққи таҳсил

  Тахфиф 20%

Барои донишҷӯёни Тоҷикистон

49,000 TJS

39,200 TJS

Барои донишҷӯёни хориҷӣ

5,319 USD

Ҳаққи пешниҳоди ариза:

  405 TJS

Шарҳ:

  • Ҳама пардохтҳои бақайдгирӣ баргардонида намешаванд.
  • Ҳама пардохтҳо бо назардошти андозҳо мебошанд.
  • Барои маълумоти бештар дар бораи тахфифҳо ва квотаҳои таълимӣ, лутфан бо мушовирони мо тамос гиред.
  • Тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи маблағҳои бо доллари ИМА нишондодашуда бояд бо пули миллӣ (сомонии Тоҷикистон) бо қурби Бонки миллӣ дар рӯзи пардохт пардохт карда шаванд.
  • Ҳама пардохтҳо аз моҳи июни соли 2026 ҷорӣ мебошанд ва метавонанд тағйир ёбанд.

Барои маълумоти иловагӣ бо мушовири мо дар тамос шавед: 

📞 Телефон: +992 8888 02 777 / +992 888 002 777 
📧 Почтаи электронӣ: info@mdis.edu.tj 

Савол доред ё ба кӯмак ниёз доред?

Агар Шумо ба ин барномаи таълимӣ таваҷҷуҳ дошта бошед ё мехоҳед машварати инфиродӣ гиред, маълумоти худро ба мо фиристед ва мо ба зудӣ бо Шумо тамос мегирем.

    ДРМС Душанбе махфияти шуморо қадр мекунад ва мо ӯҳдадор мешавем, ки маълумоти шахсии шуморо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2018, No1537 «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ» ҳифз кунем. Бо пешниҳоди маълумоти шахсии шумо, шумо розӣ мешавед, ки ДРМС Душанбе маводи таблиғотиро бо шумо мубодила кунад.