Бакалаври Мудирияти Туризми Байналмилалӣ ва Меҳмондорӣ (Дипломи Олӣ)

Бакалаври Мудирияти Туризми Байналмилалӣ ва Меҳмондорӣ (Дипломи Олӣ)

 

Бакалаври Мудирияти Туризми Байналмилалӣ ва Меҳмондорӣ (Дипломи Олӣ)

Аз тарафи: Донишгоҳи Сандерленд, Британияи Кабир

 

 Давомнокӣ
9 моҳ

 Тамос
+992 8888 02777

Барномаи мазкур дастовардҳои муосири соҳаро дар сатҳи байналмилалӣ ба раванди таҳсил бо назардошти касби камол ва талаботи равандҳои рушдёбандаи соҳа татбиқ менамояд. Дар ин росто донишҷӯён малакаҳо ва донишҳоеро ба даст меоранд, ки қобили талаботи бозори муосири меҳнат дар саросари ҷаҳон муаррифӣ мешаванд. Дар барнома имкониятҳои ҷолибу мутаносиб барои мудирият ва рушди соҳаҳои туризм ва меҳмондорӣ мавҷуданд. Донишҷӯён модулҳои хеле мувофиқро меомӯзанд, ки банақшагирии стратегии туризм, тафреҳу фароғат, мудирияти туризми байналмилалӣ ва меҳмондорӣ, ҳамзамон мудирияти туризми шаҳрӣ ва дигар риштаҳои соҳаро фаро мегирад. Ҳадафҳои умумии барнома ба ҳадди камол расонидани таҷрибаҳои таълимии донишҷӯён ва донишҳои онҳо аст, ки ҳамчун дастовардҳои асосии донишҷӯ дониста мешавад ва аз анҷоми муваффақонаи таҳсилот шаходат медихад.

  • Барнома ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки соҳаҳои асосии дониш ва таҷрибаро бештару беҳтар инкишоф диҳанд, ки барои шуғл дар риштаи туризм ва меҳмондорӣ зарур аст ва дар саросари ҷаҳон ба он талабот вуҷуд дошта, дар фазои таҳсили бардавоми умр сурат мегирад.
  • Барнома ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки малакаҳои мунтазам рушдкунанда ва тағйирёбандаро инкишоф диҳанд ва барои беҳтар кардани омӯзиш ва кори худ аз он бештар баҳрабардорӣ намоянд.
  • Хатмкунандагони барнома ба иқтисодиёти минтақавӣ, миллӣ ва байналмилалӣ тавассути пешниҳоди дастовардҳои таҳсилоти худ дар соҳаи туризм ва меҳмондорӣ саҳм мегузоранд ва ҳамчунин довталабони риштаи таҳқиқ ва аспирантураи самти туризм ва меҳмондорӣ бошанд.

Ҳадафҳои умумии барнома ба ҳадди камол расонидани таҷрибаҳои таълимии донишҷӯён ва донишҳои онҳо аст, ки ҳамчун дастовардҳои асосии донишҷӯ дониста мешавад ва аз анҷоми муваффақонаи таҳсилот шаходат медихад.

  • Банақшагирии стратегӣ дар самти туризм ва фароғат
  •  Мудирияти меҳмондории байналмилалӣ
  • Туризми шаҳрӣ
  • Технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёти меҳмондорӣ
  • Асосҳои мудирияти туризм ва меҳмондории байналмилалӣ.

Довталабон бояд синнашон аз 19 боло бошанд ва яке аз талаботи зеринро дошта бошанд:

  • Дипломи касбии амалиёти  туризм ва меҳмондорӣ, ки аз ҷониби MDIS дода мешавад Ё
  • Диплом дар риштаи мудирияти туризм, меҳмондорӣ ва чорабиниҳо бо фарогири омӯзиши фанҳои марбут ба тиҷорат ва риштаи политехникӣ (ки аз ҷониби Донишгоҳ ба сатҳи 4/соли 1 ва ба сатҳи 5/соли 2 мувофиқи курси дахлдори донишгоҳ баробар дониста мешавад) бо нзардошти маълумоти таҳсилоти миёнаи 10 сола расмӣ Ё
  • Дипломи олии миллӣ (HND) дар риштаи мудирияти туризм, меҳмондорӣ ва чорабиниҳо бо фарогири фанҳои марбут ба тиҷорат Ё
  • Номзадҳои баркамол (30 — сола ва болотар бо тачрибаи кории 8 — сола)
  • Дигар Дипломҳои донишҷӯёне, ки тахассуси дигар доранд, бо назардошти мутобиқати фанҳо ва риштаҳои дахлдор баррасӣ карда мешаванд.
  • Сертификаит IELTS бо холи на камтар аз 6.0 Ё
  • Натиҷаҳои санҷиши забони англисӣ, ки аз тарафи MDIS низ гузаронида мешавад бояд ба IELTS 6.0 ва болотар аз он баробар бошанд.
  •  
  • Аризадиҳандагоне, ки то 31 августи соли 2026 аризаи худро пешниҳод мекунанд, 20% -и ҳаққи таҳсил баргардонида мешавад.

Сохтор

Ҳаққи таҳсил

  Тахфиф 20%

Барои донишҷӯёни Тоҷикистон

49,000 TJS

39,200 TJS

Барои донишҷӯёни хориҷӣ

5,319 USD

Ҳаққи пешниҳоди ариза:

  470 TJS

Шарҳ:

  • Ҳама пардохтҳои бақайдгирӣ баргардонида намешаванд.
  • Ҳама пардохтҳо бо назардошти андозҳо мебошанд.
  • Барои маълумоти бештар дар бораи тахфифҳо ва квотаҳои таълимӣ, лутфан бо мушовирони мо тамос гиред.
  • Тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи маблағҳои бо доллари ИМА нишондодашуда бояд бо пули миллӣ (сомонии Тоҷикистон) бо қурби Бонки миллӣ дар рӯзи пардохт пардохт карда шаванд.
  • Ҳама пардохтҳо аз моҳи июни соли 2026 ҷорӣ мебошанд ва метавонанд тағйир ёбанд.

Барои ҳама гуна масъалаҳои барнома, лутфан ба мушовири мо муроҷиат кунед:

Mobile:                       +992 8888 02 777

Email:                         info@mdis.edu.tj

Шакли дархост

Агар шумо ба ин барномаи таълимӣ таваҷҷӯҳ дошта бошед, лутфан варақаи зеринро пур кунед ва яке аз намояндагони мо ҳарчи зудтар бо шумо тамос мегирад..

    ДРМС Душанбе махфияти шуморо қадр мекунад ва мо ӯҳдадор мешавем, ки маълумоти шахсии шуморо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2018, No1537 «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ» ҳифз кунем. Бо пешниҳоди маълумоти шахсии шумо, шумо розӣ мешавед, ки ДРМС Душанбе маводи таблиғотиро бо шумо мубодила кунад.