Барномаи бакалавр (BS Hons) дар амнияти киберӣ
03.06.2026 2026-06-18 11:23Барномаи бакалавр (BS Hons) дар амнияти киберӣ
Оғози қабул ба курс:
Октябри 2026
Давомнокии курс:
24 моҳ
Маълумот барои тамос:
+992 8888 02 777
Барномаи бакалавриатура дар риштаи амнияти киберӣ барои тайёр кардани мутахассисони соҳибмалака ва баландихтисос тарҳрезӣ шудааст, то онҳо тавонанд барои ҳалли мушкилоти соҳаи босуръат рушдёбандаи амнияти киберӣ омода бошанд. Барнома ҳам ба инфрасохтори шабака ва ҳам ба амният диққат медиҳад ва ба донишҷӯён донишҳои ҳамаҷониба ва таҷрибаи амалӣ бо истифода аз абзорҳо ва технологияҳои пешрафтаи саноатӣ медиҳад.
Донишҷӯён заминаи устувори ба меъёрҳои ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва касбӣ асосёбандаро азбар менамоянд ва дар баробари ин малакаҳои тафаккури интиқодӣ ва дигар малакаҳои муҳими иҷтимоӣ ва зеҳнии дар соҳаи амнияти киберӣ ва шабакаҳои компютерӣ зарурро касб менамоянд. Бо таваҷҷуҳ ба таҳқиқоти муосир, тамоюлҳои нав ва татбиқи амалӣ, хатмкунандагон ба талабот ва ниёзҳои нави соҳаи саноат ва дигар риштаҳои ҳаёти иҷтимоӣ омода мешаванд ва дар баробари ин ба таҳдидҳои амниятӣ бо касбияти том муносибат намуда, ба ҳамаи ин равандҳо метавонанд вокуниши зарур ва қобили арзиш нишон диҳанд. Дар ин асно хатмкунандагони барномаи мазкур қобилияту малакаҳои омӯзиши пайваста ва мунтазам рушд додани таҷрибаи худро низ азбар намуда, пайваста ешрафти касбиро идома медиҳанд.
Барнома муҳити басо пурмуҳтаво ва самарабахши омӯзиширо ташаккул медиҳад, ки навоварӣ ва талош барои ҳалли мушкилоти воқеӣ шарти муҳими он дониста мешавад. Маҳз ташаккул ва касби чунин малака ва донишҳои назарии замонавӣ ва махрифати дастовардҳои навини соҳа хатмкунандагонро дар бозори босуръат рушдёбандаи амнияти киберӣ барои корфармоён хеле ҷолиб мегардонад.
- Соли 1:
- Тарҳрезӣ ва амнияти шабакаи кампус
- Барномасозӣ барои амнияти киберӣ
- Компютерҳо ва шабакаҳои амният
- Тарҳрезии системаҳо ва базаи додаҳо
Соли 2:
Инфрасохтори шабакаи маркази додаҳо
Лоиҳаи корпоративӣ
Ахлоқи хакерӣ
Системаҳои IT ва амнияти иттилоотӣ
Соли 3:
Лоиҳаи компютерӣ
Таҳлилгари амният
Идоракунии хизматрасонӣ ва идоракунии иттилоот
- C6 дар забони англисӣ дар сатҳи GCE ‘O’ Levels Ё
- IELTS 6.0 (аз 5.5 паст набошад) Ё
- Сертификати касбии MDIS дар забони англисӣ Ё
- Супоридани имтиҳони қабули англисии MDIS Ё
- Мутобиқ ва баробарарзиши ҳамин имтиҳонот.
- Довталабоне, ки то 31 августи соли 2026 дархостҳои худро пешниҳод мекунанд, метавонанд тахфифи 10% гиранд.
|
Сохтор |
Ҳаққи таҳсил |
Тахфиф 10% |
|
Барои донишҷӯёни Тоҷикистон |
52,000 TJS |
41,600 TJS |
|
Барои донишҷӯёни хориҷӣ |
5,319 USD |
– |
|
Ҳаққи пешниҳоди ариза: |
405 TJS |
– |
Шарҳ:
- Ҳама пардохтҳои бақайдгирӣ баргардонида намешаванд.
- Ҳама пардохтҳо бо назардошти андозҳо мебошанд.
- Барои маълумоти бештар дар бораи тахфифҳо ва квотаҳои таълимӣ, лутфан бо мушовирони мо тамос гиред.
- Тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи маблағҳои бо доллари ИМА нишондодашуда бояд бо пули миллӣ (сомонии Тоҷикистон) бо қурби Бонки миллӣ дар рӯзи пардохт пардохт карда шаванд.
- Ҳама пардохтҳо аз моҳи июни соли 2026 ҷорӣ мебошанд ва метавонанд тағйир ёбанд.
Пурра: 24 моҳ
Барои ҳама гуна саволҳо оид ба барнома, бо мушовирони мо тамос гиред:
📱 Мобил: +992 8888 02 777 / +992 888 002 777 📧 Почта: info@mdis.edu.tj