Дипломи касбӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ (ТИ)
27.11.2025 2026-01-06 10:48Дипломи касбӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ (ТИ)
Қабули донишҷӯён
Октябри соли 2026
Давомнокии курс
7 моҳ
Маълумот барои тамос
+992 8888 02 777
Шарҳи курс
Дипломи касбӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ (ТИ) барои он равона шудааст, ки донишҷӯёнро бо донишҳои зарурӣ, малакаҳои амалӣ ва салоҳиятҳои касбӣ мусаллаҳ намояд, то онҳо дар муҳити муосири технологӣ комёб ва пешрафта бошанд. Баробари афзоиши таваҷҷуҳи ташкилоту корхонаҳо ба низомҳои рақамӣ барои дастгирии амалиёт, қабули қарорҳо ва татбиқи инноватсия, талабот ба мутахассисони соҳаи ТИ, ки дорои донишҳои назариявӣ ва амалии қавӣ мебошанд, мунтазам меафзояд. Ин барнома барои донишҷӯёне аст, ки мехоҳанд дар соҳаи ТИ таҳсил намоянд ва баъдан тибқи барномаҳои зинаи бакалавриатураи Донишгоҳи Тиссайди Британияи Кабир бо ихтисоси Киберамният ва Технологияи иттилоотӣ (BSc (Hons) Cybersecurity ё BSc (Hons) Information Technology) таҳсилро идома диҳанд.
Дар ҷараёни азхудкунии барнома донишҷӯён бо доираи васеи самтҳои асосии Технологияи иттилоотӣ, аз ҷумла барномасозӣ, технологияҳои шабакавӣ, таҳлил ва тарҳрезии системаҳо, системаҳои пойгоҳи додаҳо, амнияти компютерӣ, таҳлили системаҳо ва технологияҳои пешрафтаи веб шинос мешаванд. Ин модулҳо ба таври дақиқ таҳия шудаанд ва барои касби самарабахши донишҳои назариявӣ ва ҳамчунин малакаву маҳорати амалӣ пешбинӣ шудаанд. Донишҷӯён роҳу равиши кор бо пойгоҳи додаҳо, тарҳрезӣ ва идораи онро азбар намуда, ҳалли шабакавии муаммоҳоро татбиқ менамоянд ва ва принсипҳои калидии амниятиро барои ҳифзи системаҳо ва маълумот меомӯзвнд. Илова бар ин, онҳо дониши муҳим дар бораи технологияҳои нав ба даст меоранд, ки бегумон чунин алакаҳоро корфармоён дар соҳаҳои гуногун ҳар чи бештар қадр мекунанд.
Хусусияти фарқкунандаи Дипломи касбии MDIS Душанбе ин аст, ки таълим ҳамеша ба таҷриба ва амалия такя мекунад. Бо истифода аз корҳои лаборатории амалӣ, таҳлили ҳолатҳои воқеӣ ва идоракунии лоиҳаҳои ТИ, донишҷӯён малакаҳои ҳалли мушкилоти гуногуни ин риштаро инкишоф медиҳанд ва роҳҳои бартараф намудани ин мушкилиҳоро меомӯзанд ва натиҷаи донишу малакаҳои касбкардаи худро дар муҳити технологӣ татбиқ менамоянд. Ин равиши амалӣ кафолат медиҳад, ки хатмкунандагон барои кор дар соҳа омода бошанд ва ҳангоми гузариш ба вазифаҳои касбӣ ҳисси эътимод ба касбияту донишҳои худ дошта бошанд. Ба ибораи вихаи “малакаҳои нарм”, аз ҷумла кори гурӯҳӣ, мухобирот ва муошарати касбӣ, идоракунии лоиҳаҳо низ ҷузъи муҳими барномаи таълимӣ мебошад, ки донишҷӯён барои ҳамкорӣ дар муҳити фаъоли технологӣ барои фаъолияти касбӣ омода мешаванд.
Пас аз хатм, донишҷӯён метавонанд роҳҳои гуногуни касбиро интихоб кунанд, аз ҷумла: мутахассиси дастгирии низоми ТИ, барномасози сатҳи заминавӣ, техник оид ба шабака, ёвари пойгоҳи додаҳо ё таҳлилгари киберамният аз намудҳои фаъолият аст, ки аллакай донишҷӯй дар ин самт омода аст. Бисёре аз донишҷӯён инчунин таҳсилро дар дараҷаи бакалаврӣ идома медиҳанд, то донишҳои худро амиқтар ва мукаммал намуда, имкониятҳои касбии худро тақвият бахшанд.
Барномаи таълимӣ
- Таҳлил ва тарҳрезии системаҳо
- Системаи пойгоҳи додаҳо
- Амнияти компютерӣ
- Системаҳои оператсионӣ
- Идоракунии лоиҳаҳои ТИ
- Технологияҳои шабакавӣ
- Технологияҳои пешрафтаи веб
- Барномасозии объектии ҳадафманд
Талабот барои қабул
- Шаҳодатномаи соли омодагӣ; Ё
- Баҳои на камтар аз ‘E’ дар сатҳи GCE ‘A’ аз ду фан; Ё
- Дипломи байналмилалии технологияи иттилоотӣ аз ҷониби MDIS; Ё
- Диплом аз коллеҷҳои политехникии эътирофшуда / барномаи марбут аз дигар PEI; Ё
- Довталабони байналмилалӣ бояд 12 соли таҳсили расмӣ дошта бошанд; Ё
- Номзадҳои болиғ (≥30 сол бо 8 соли таҷрибаи кории мувофиқ); Ё
- Дипломи байналмилалӣ дар илм, технология, муҳандисӣ, математика ва санъат
Талабот ба математика
Довталаб бояд яке аз шартҳои зеринро иҷро намояд: на камтар аз баҳои ‘C6’ дар сатҳи GCE ‘O’ аз фанни математика Ё
супоридани имтиҳони дохилшавии математикаи MDIS. (Агар довталаб имтиҳони дохилшавии математикаи MDIS-ро нагузаранд, ӯ бояд курси онлайнии омодагии математикиро омӯзад ва имтиҳон супорад.) Баъдан довталаб бори дуюм имтиҳони математикаи MDIS-ро месупорад.
Довталабони маҳаллӣ, ки ба талаботи минималӣ ҷавобгӯ нестанд, ҳамчун «зери меъёр» ҳисобида мешаванд ва бояд курси онлайнии омодагии математика ва забони англисиро омӯзанд, имтиҳони дохилшавии MDIS аз математика ва англисиро супоранд ва мусоҳибаро гузаранд. Довталабони ин марҳилаҳо то 3 маротиба ҳуқуқ доранд имтиҳони математика/англисӣ ва курси онлайниро супоранд.
Довталабони хориҷӣ, ки ба талаботи минималӣ ҷавобгӯ нестанд, бояд тестҳои онлайнии математикаи MDIS / тестҳои онлайнии англисӣ (OEPT)-ро супоранд, ки нисбати онҳо аз Реестри марказӣ санҷиш гузаронида мешавад.
Талабот ба забони англисӣ
- Баҳои ҳадди ақали 5.5 дар IELTS ё муодили он; Ё
- Гузаронидани имтиҳони дохилшавии англисии MDIS; Ё
- Сертификати касбии англисии MDIS; Ё
- Баҳои ‘C6’ дар сатҳи GCE ‘O’ аз фанни англисӣ ё муодили он; Ё
- Номаи муассисаи таълимӣ, ки забони асосии таълим англисӣ буд; Ё
- Баҳои на камтар аз 85 дар Duolingo English Test
Мӯҳлати таҳсил ва қабули довталабон
| Ҳафтаи пурраи корӣ | |||||||
| Давомнокӣ | Оғоз | Анҷом | |||||
| 7 моҳ | Октябри 2026 | Майи 2027 | |||||
Ҳаққи таҳсил ва сохтор
| Сохтор | Арзиши таҳсил | ||||
| Довталабони маҳаллӣ | $4,255 | ||||
| Довталабони байналмилалӣ | $4,255 | ||||
| Арзиши пешниҳоди ариза | 295 TJS |
Ёддоштҳо:
- Пардохти арзиши аризаҳо баргардонида намешаванд.
- Ҳамаи арзишҳои зикршуда бо назардошти андозҳо зикр шудаанд.
- Барои пурсиш дар бораи тахфифҳои донишҷӯён лутфан бо машваратчиёни мо тамос гиред.
- Ба мувофиқаи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пардохти ҳамаи маблағҳои бо асъори хориқӣ нишон додашуда бояд бо асъори миллӣ (сомонӣ) ва мутобиқи қурби асъори Бонки Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи пардохт сурат мегиранд.
- Ҳамаи арзишҳои зикршуда дурустанд ва то моҳи июли 2025 ва метавонанд тағйир ёбанд.
Шартҳо ва қоидаҳо
- Тахфиф барои барномаи Дипломи касбӣ дар Технологияҳои иттилоотӣ барои соли таҳсили 2025 — 10% ва то 31 августи 2025 эътибор дорад.
- Тахфифҳо танҳо ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мешавад.
- Тахфифҳо бо дигар пешниҳодҳои таблиғотии мавҷуд ҳамбастагӣ надоранд.
- Донишҷӯён пас аз татбиқи муваффақонаи тахфиф наметавонанд рӯзи оғозёбии интихобкардаи худро тағйир диҳанд ё ба таъхир гузоранд.
- MDIS Душанбе ҳуқуқ дорад ин тахфифро бе огоҳии қаблӣ тағйир диҳад, бекор созад ё аз нав баррасӣ кунад.
Тамос бо мо
Барои пурсиш дар бораи барномаҳо, бо мушовирон тамос гиред:
Телефон: +992 8888 02 777 / +992 888 002 777
Email: info@mdis.edu.tj