Дипломи Касбии Мудирияти Туризм, Меҳмондорӣ ва Чорабиниҳо
20.09.2023 2026-06-11 16:05Дипломи Касбии Мудирияти Туризм, Меҳмондорӣ ва Чорабиниҳо
Дипломи Касбии Мудирияти Туризм, Меҳмондорӣ ва Чорабиниҳо
Аз тарафи: MDIS
Ҳадафҳои барнома Барнома бо ҳадафҳои зерин тарҳрезӣ шудааст:
- Омӯзиши барномаи мазкур ба шахсони алоҳида имконият фароҳам меоварад, ки дар муҳити кори худ эҷодкорона ва басамар фаъолият намоянд.
- Хатмкунандагони барнома барои низоми мудирияти самараноки оянда ва беҳсозии фаҳмиши касбию соҳавӣ ва самтҳои асосии мудирият, инчунин барои такмили донишу малакаҳои мудирияти туризми муосир ва низоми самараноки меҳмондорӣ омода мешаванд.
- Барнома ба таҳсилкунандагон роҳи пешрафти расидан ба ҳадафҳо ва рушди мунтазами касбӣ дар бахши туризм, меҳмондорӣ ва танзими чорабиниҳоро чун мутахассисони хушсалиқаи оянда пешниҳод менамояд.
- Барнома заминаҳои ташаккули дониши устувори консепсияҳо ва малакаҳоро дар соҳаи туризм ва меҳмондорӣ бо назардошти вижагиҳои муҳити эҷодӣ ва гуногунрангии фаъолияти корӣ ва бо фарогири соҳибкорӣ фароҳам меоварад.
- Мудирияти туризми устувор
- Мудирияти захираҳои инсонии туризм, меҳмондорӣ ва чорабиниҳо
- Мудирияти вохӯриҳо, ҳавасмандӣ, конференсия ва намоишҳо
- Мудирияти сифати хизматрасонӣ ва муошарати байнифарҳангӣ
- Муҳосиботи мудирияти туризм, меҳмондорӣ ва чорабиниҳо
- Технологияи иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ
- Равишҳои таҳқиқи риштаи туризм, меҳмондорӣ ва чорабиниҳо
- Маркетинги рақамӣ дар туризм, меҳмондорӣ ва чорабиниҳо
- Мудирияти амалии ғизо ва нӯшокиҳо · Мудирияти амалии раванди будубош · Таҷрибаомӯзӣ (6 моҳ).
Довталабон бояд аз 18-сола боло бошанд ва ҳадди аққал ба яке аз талаботи зерин ҷавобгӯй бошанд :
- Аз ҳамаи фанҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 12 солаи низоми “GCE” (Сертификати умумии таҳсилот GCE) натиҷаи “E” ва дараҷаи “А” гирифта шудааст, Ё
- Дипломи соли заминавии байналмилалии таҳсили риштаи туризм ва меҳмондорӣ MDIS, Ё
- Довталабони хориҷӣ бояд таҳсилоти расмии 12-сола дошта бошанд, Ё
- Довталабони собиқадор (аз 30 сола боло ва бо таҷрибаи кории 8 сола)
- Дипломи таҳсили байналмиллалӣ дар илм, технология, муҳандисӣ, математика ва санъат, Ё
- Дипломи талаботи тахассусии корӣ (WSQ) ва ё Дипломи барномаҳои самти туризм меҳмондорӣ аз дигар донишгоҳҳои шарик бо натиҷагирӣ ва холҳои баланд аз фанҳои мутаносиб ва афзалият ба собиқаи кории на камтар аз 2 сол, Ё
- Дипломи риштаҳои политехникӣ бо назардошти холҳои баланд дорои афзалият аст.
- Ҳадди ақал гузариши сатҳи C6 барои забони англисӣ (EL1), ки мутобиқи Сертификати умумии таҳсилот GCE бо натиҷаи О ё муодили он, Ё
- Гузариш аз имтиҳони дохилшавӣ ба забони англисӣ (EET) дар MDIS Душанбе,
- Сертификати IELTS бо холи на камтар аз 5.5, Ё
- Сертификати касбии забони англисии Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапурро дошта бошанд (PCIE), Ё
- Мактуби расмӣ аз Коллеҷ / Донишгоҳ, ки хатми таҳсилоти миёнаи касбиро бо баҳои баланд аз забони англисӣ возеҳ нишон медиҳад.
- Аризадиҳандагоне, ки то 31 августи соли 2026 аризаи худро пешниҳод мекунанд, 10% -и ҳаққи таҳсил баргардонида мешавад.
Сохтор | Ҳаққи таҳсил | Тахфиф 10% |
Барои донишҷӯёни Тоҷикистон | 41,600 TJS | 37,440 TJS |
Барои донишҷӯёни хориҷӣ | 4,255 USD | — |
Ҳаққи пешниҳоди ариза: | 470 TJS | — |
Шарҳ:
- Ҳама пардохтҳои бақайдгирӣ баргардонида намешаванд.
- Ҳама пардохтҳо бо назардошти андозҳо мебошанд.
- Барои маълумоти бештар дар бораи тахфифҳо ва квотаҳои таълимӣ, лутфан бо мушовирони мо тамос гиред.
- Тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи маблағҳои бо доллари ИМА нишондодашуда бояд бо пули миллӣ (сомонии Тоҷикистон) бо қурби Бонки миллӣ дар рӯзи пардохт пардохт карда шаванд.
- Ҳама пардохтҳо аз моҳи июни соли 2026 ҷорӣ мебошанд ва метавонанд тағйир ёбанд.
- То 10% тахфиф барои соли хониши 2025-26 дар барномаҳои интихобшуда.
- Тахфиф танхо ба шахрвандони Чумхурии Точикистон дахл дорад.
- Тахфифҳои пешниҳодшударо бо дигар пешниҳодҳои таблиғотӣ, агар мавҷуд бошад, якҷоя кардан мумкин нест.
- Донишҷӯён наметавонанд барномаи интихобкардаи худро пас аз татбиқи тахфиф иваз кунанд ё ба таъхир андозанд.
- MDIS Dushanbe ҳақ дорад бидуни огоҳии пешакӣ ин тахфифро тағир диҳад, бозхонд ё бознигарӣ кунад.
Барои ҳама гуна масъалаҳои барнома, лутфан ба мушовири мо муроҷиат кунед:
Мобильный: +992 8888 02 777
Электронная почта: info@mdis.edu.tj
Савол доред ё ба кӯмак ниёз доред?
Агар Шумо ба ин барномаи таълимӣ таваҷҷуҳ дошта бошед ё мехоҳед машварати инфиродӣ гиред, маълумоти худро ба мо фиристед ва мо ба зудӣ бо Шумо тамос мегирем.