News and Blog

ДРМС Душанбе аз озмуни расми «Ҷавонон бар зидди нашъамандӣ» пуштибонӣ кард

IMG_6796
Хабарҳо

ДРМС Душанбе аз озмуни расми «Ҷавонон бар зидди нашъамандӣ» пуштибонӣ кард

Рӯзи 28 май дар толори фарҳангии Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур (MDIS Душанбе) бахшида ба эълони натиҷаҳои озмуни рассомии “Ҷавонон зидди нашъамандӣ” чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Ин иқдом ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, Рӯзи кормандони мубориза бо маводи мухаддир ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон рост омад.

Озмунро Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва Мактаби рассомии бачагонаи Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе ташкил кардаанд. MDIS Душанбе макони баргузории чорабинии ҷамъбастиро бо дастгирии ин ташаббуси созанда барои рушди масъулият ва ҳадафҳои устувори зиндагӣ дар ҷавонон фароҳам овард.

Дар озмун зиёда аз 60 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва санъати шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Асарҳои иштирокчиён рӯзи 20 май дар назди бинои Мактаби рассомии бачагона намоиш дода шуданд, ки дар он ҳайати ҳакамон иборат аз намояндагони Агентӣ, Иттифоқи рассомон ва омӯзгорони мактабҳои олӣ ва коллеҷҳои махсус ҳар як пешниҳодро бодиққат аз назар гузаронд, бо рассомон мусоҳиба гузаронида, ғолибонро муайян намуд.

Аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳӣ корҳои беҳтарин интихоб карда шуданд: се нафар иштирокчиён ҷои аввал ва 15 нафари дигар бо Ифтихорномаҳои Агентӣ сарфароз гардонида шуданд. Иттифоқи рассомони Тоҷикистон низ ба як ширкаткунанда ва се омӯзгор ҷоиза супурдааст. Яке аз иштирокчиёни озмун ҷоизаи махсуси мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Душанберо гирифт.

Маросими супурдани мукофотхо дар вазъияти гарму чушон ва идона гузашт. Иштирокчиён ва меҳмононро намояндагони созмондиҳандагон, аз ҷумла Дилшод Рустамзода Баротиён, сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар ва Наргис Ҳомидова, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон истиқбол гирифтанд. Аъзоёни ҳакамон ва намояндагони муассисаҳои таълимӣ низ сухани ифтитоҳӣ намуданд.

Чорабинӣ бо барномаи кутоҳмуддати консертӣ дар иҷрои ансамбли бачагонаи мактаби мусиқии рақами 5-уми ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ ҷамъбаст гардид.Навозандагони ҷавон ба тамошобинон намоишҳои ҷолиби фарҳангӣ пешкаш намуданд.

MDIS Душанбе дастгирии ташаббусҳои эҷодӣ ва маърифатиро, ки ба рушди ҷавонон ва тарғиби арзишҳои тарзи ҳаёти солим нигаронида шудаанд, идома медиҳад. Донишкада барои ҳамкорӣ ва эҷоди платформаҳое, ки дар он истеъдод, ғояҳо ва хоҳиши тағирот ифода меёбад, боз аст.