Магистри Мудирияти Тиҷорат

Магистри Мудирияти Тиҷорат

 Оғози таҳсил
Октябри 2026

 Давомнокӣ
12 моҳ

  Тамос
+992 8888 02 777

Магистри мудирияти тиҷорат (ММТ) як барномаи пешқадам дар доираи барномаҳои таълимии факултети тиҷорат, ҳуқуқ ва сайёҳии Донишгоҳи Сандерленд мебошад. Ин барнома ҳам роҳбарони муосир ва ҳам ояндаро барои комёбӣ дар фаъолият дар низоми муносибатҳои навини дунёи тиҷорат омода мекунад. Бо таваҷҷӯҳ ба азбарнамоии малакаҳои роҳбарӣ ва рушди касбӣ, тиҷорати байналмилалӣ, малакаҳои технологияи рақамӣ ва рушди устувор, MМТ барои донишҷӯён имконоти ҳамаҷонибаро барои омӯхтани малакаҳои роҳбарии рӯзмарра ва роҳбарии оянда фароҳам меорад. Ҳама модулҳои он дар робита бо корфармоён таҳия ва татбиқ мешаванд, то донишҷӯён таҷрибаи аслии мушкилоти мудириятро дар тиҷорат ба даст оранд ва малакаҳои рушдёбандаро барои фаъолияти ояндаи худ инкишоф диҳанд. Довталабон бо интихоби барномаи магистратураи мудирияти умумӣ ММТ дар MDIS Dushanbe имкони беназиру ҷолибро барои омӯзиши фарҳанги корпоративии гуногунранг ва рушдёбанда бо дастрасӣ ба иқтидори васеи созмонҳои фаромиллӣ ва робитаҳои қавии байналмилалӣ ба даст меоранд. Новобаста аз он ки донишҷӯй мехоҳад фаъолияти касбиашро рушд бахшад ва ё ба соҳаи нав гузараду тиҷорати худро оғоз кунад, барномаи ММТ як саҳмгузории арзанда барои ояндаи ӯ хоҳад буд. Аз ин имконияти беназири касбӣ истифода баред ва дар ҷаҳони тиҷорат муваффақ шавед!

  • Роҳбарияти стратегӣ барои ояндаи устувор
  • Бизнеси байналмилалӣ дар муҳит
  • Корхонаи рақамӣ ва инноватсия
  • Мудирияти корпоративӣ ва идораи молиявӣ
  • Лоиҳаи тадқиқоти (MМТ)

Довталабон бояд аз 21-сола боло бошанд ва яке аз тахассусҳои таълимии зеринро дошта бошанд:

  • Дараҷаи тахассусии соҳавӣ. Ҳамаи намудҳои кори амалӣ / таҷрибаи корӣ, аз ҷумла фаълияти номзадҳои пеш аз хатми таҳсил ё давоми таҳсил/ фаъолияти меҳнатӣ ба назар гирифта мешавад.
  • Дараҷаи тахассуси баробар. Ҳамаи намудҳои кори амалӣ / таҷрибаи корӣ, аз ҷумла фаълияти номзадҳои пеш аз хатми таҳсил ё давоми таҳсил/ фаъолияти меҳнатӣ ба назар гирифта мешавад.
  • Дархости онҳое, ки дар вазифаҳои баланд бе маълумоти расмии академӣ қарор дошта бошанд, бо ҳукми дараҷаи академӣ баррасӣ карда мешаванд. Аризаҳо бояд бо портфолиои далелҳо, ки қобилият ва таҷрибаи идоракуниро нишон медиҳанд, пешниҳод шаванд.

Эзоҳ: Ин курс барои тахассуси академӣ пешбинӣ ва тавсия мешавад номзадҳо дар талоши пешрафт ва суръатбахшии натиҷагириҳо.

  • IELTS 6.0 (на камтар аз 5.5) Ё
  • Санҷиши интернетии TOEFL (IBT) 75 (шунидан 17, хониш 18, гуфтор 20, нигориш 18) Ё
  • Тести “Pearson PTE” 56 (не камтар аз 51) Ё
  • Тести забони англисӣ (Cambridge English Test Advanced) – 169 (на камтар аз 162) Ё
  • Сертификати касбии забони англисии MDIS Dushanbe дошта бошанд  (PCIE) Ё
  • Имтиҳони дохилшавӣ аз забони англисӣ аз ҷониби MDIS гузаронида мешавад Ё
  • Мактуби расмӣ аз Коллеҷ / Донишгоҳ, ки хатми таҳсилоти миёнаи касбиро бо баҳои баланд аз забони англисӣ возеҳ нишон медиҳад Ё
  • Санади дигари мутаносиби он

Вақти пурра

Давомнокӣ

Оғоз

Анҷом

12 Моҳ

Феврал  2026

Феврал 2027

Сохтор

Ҳаққи таҳсил

  Тахфиф 20%

Барои донишҷӯёни Тоҷикистон

79,000 TJS

63,200 TJS

Барои донишҷӯёни хориҷӣ

10,638 USD

Ҳаққи пешниҳоди ариза:

  405 TJS

Шарҳ:

  • Ҳама пардохтҳои бақайдгирӣ баргардонида намешаванд.
  • Ҳама пардохтҳо бо назардошти андозҳо мебошанд.
  • Барои маълумоти бештар дар бораи тахфифҳо ва квотаҳои таълимӣ, лутфан бо мушовирони мо тамос гиред.
  • Тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи маблағҳои бо доллари ИМА нишондодашуда бояд бо пули миллӣ (сомонии Тоҷикистон) бо қурби Бонки миллӣ дар рӯзи пардохт пардохт карда шаванд.
  • Ҳама пардохтҳо аз моҳи июни соли 2026 ҷорӣ мебошанд ва метавонанд тағйир ёбанд.
  • То 20% тахфиф барои соли хониши 2025-26 дар барномаҳои интихобшуда.
  • Тахфиф танхо ба шахрвандони Чумхурии Точикистон дахл дорад.
  • Тахфифҳои пешниҳодшударо бо дигар пешниҳодҳои таблиғотӣ, агар мавҷуд бошад, якҷоя кардан мумкин нест.
  • Донишҷӯён наметавонанд барномаи интихобкардаи худро пас аз татбиқи  тахфиф иваз кунанд ё ба таъхир андозанд.
  • MDIS Dushanbe ҳақ дорад бидуни огоҳии пешакӣ ин тахфифро тағир диҳад, бозхонд ё бознигарӣ кунад.

Барои ҳама масъалаҳои барнома, лутфан ба мушовири мо муроҷиат кунед:

Телефони мобилӣ:                +992 8888 02 777 

Почтаи электронӣ:                info@mdis.edu.tj

Шакли дархост

Агар шумо ба ин барномаи таълимӣ таваҷҷӯҳ дошта бошед, лутфан варақаи зеринро пур кунед ва яке аз намояндагони мо ҳарчи зудтар бо шумо тамос мегирад..

    ДРМС Душанбе махфияти шуморо қадр мекунад ва мо ӯҳдадор мешавем, ки маълумоти шахсии шуморо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2018, No1537 «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ» ҳифз кунем. Бо пешниҳоди маълумоти шахсии шумо, шумо розӣ мешавед, ки ДРМС Душанбе маводи таблиғотиро бо шумо мубодила кунад.