Маълумоти корпоративӣ
04.09.2023 2023-09-04 10:58Маълумоти корпоративӣ
Хуш омадед ба ДРМС Душанбе
Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур, ки соли 1956 таъсис ёфтааст, як муассисаи касбии ғайритиҷоратӣ барои омӯзиши якумрӣ аст. ДРМС бо донишгоҳҳои маъруфи Британияи кабир (UK) ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USA) ҳамкорӣ мекунад ва курсҳои аккредитатсияшудаи байналмилалӣ оид ба тиҷорат ва идоракунӣ, муҳандисӣ, мӯд ва тарроҳӣ, тандурустӣ ва кори ҳамширагӣ, технологияҳои иттилоотӣ, забонҳо ва таҳсилот, илмҳои иҷтимоӣ, ВАО ва коммуникатсия, равоншиносӣ, идоракунии сайёҳӣ ва меҳмондорӣ, идоракунии бехатарӣ ва муҳити зистро пешниҳод мекунад..
Ҳадафи асосии ДРМС дастрас ва имконпазир намудани таҳсилот аст. Ҳамчун муассиса, мо мекӯшем, ки омодагии шахсони алоҳида ва ташкилотҳоро барои оянда тавассути барномаҳои эътирофшудаи соҳавӣ, ки ба салоҳият асос ёфтаанд, дастраси умум намоем..
ДРМС фарҳанги омӯзиши якумриро барои рушд ва баланд бардоштани иқтидори донишҷӯёни худ татбиқ мекунад. Мо доираи васеи барномаҳо, аз ҷумла барномаҳои дипломӣ, бакалавриат, магистратура ва докторантураро дар ҳамкорӣ бо шарикони донишгоҳҳои байналмилалии худ пешниҳод менамоем.
Ҳамаи барномаҳои мо ба соҳа мувофиқанд ва ҳадафи мо омода кардани менеҷерон барои идоракунии иқтисодиёти кишварҳои мизбон мебошад. Барномаҳо аз ҷониби мутахассисон ва олимон таълим дода мешаванд ва омӯзиши олами воқеӣ ва таҷрибаҳои беҳтарини ҷаҳонро бо тамаркузи қавӣ ба соҳаҳо дар бар мегиранд.
ДРМС дар Сингапур, Малайзия, Узбекистон ва инак шаҳраки нави донишҷӯёнро дар шаҳри Душанбе, Тоҷикистон дорад.
Осиёи Марказӣ, ҳамакнун давраи рушди бесобиқаро аз сар мегузаронад.Кишварҳои минтақа, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз пандемияи COVID-19 иқтисоди худро фаъол гардонидааст. Дар соҳаҳои тиҷорат, истеҳсолот, сайёҳӣ ва меҳмондорӣ рушди устувор ба назар мерасад. Зарурати дастгирии рушди ин соҳаҳо бо қувваи кории баландихтисос ва заминаи рушди истеъдодҳо барои идоракунии ин корхонаҳо вуҷуд дорад. Барномаҳои ДРМС махсус барои омода кардани роҳбарон дар идоракунии ташкилотҳо ва корхонаҳои кишвар махсус таҳия шудаанд.
Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе дар аввал барномаҳои омодасозии менеҷеронро барои саноат дар соҳаҳое чун тиҷорат, идоракунии саноатӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва амнияти киберӣ, меҳмондорӣ ва сайёҳӣ пешниҳод мекунад. Ин барномаҳо барои гирифтани диплом, дараҷаҳои бакалавриат ва магистратура пешниҳод карда мешаванд. Мувофиқи рушди иқтисодии Тоҷикистон дар солҳои наздик мо инчунин дигар барномаҳои дахлдорро аз фанҳои гуногун пешниҳод менамоем.
Бояд қайд кард, ки ҳамаи дастурҳои таҳсилот ва раванди таълим бо забони англисӣ ҳамчун забони ҷаҳони тиҷорат аз ҷониби омӯзгорони баландихтисоси байналмилалӣ, олимон ва мутахассисони соҳибкасб татбиқ мешаванд. Донишҷӯёне, ки дар ДРМС Душанбе таҳсил мекунанд, соҳиби дараҷаҳои эътирофшудаи байналмилалӣ гардида, дар соҳаҳои дахлдор ба осонӣ ба кор гирифта шаванд.
ДРМС Душанбе дар соли 2022 бо пешниҳоди се (3) барномаи таълимӣ, яъне Сертификати соли заминавии таҳсил, Сертификати касбии забони англисӣ ва дипломи касбии фаъолияти туризм ва меҳмондорӣ ба фаъолият шуруъ кард. Дар оянда, дар соли 2024, он барномаҳои дараҷаи бакалавриат ва баъдидипломиро пешниҳод хоҳад кард.
Дурнамо, рисолат, арзишҳои асосӣ ва фарҳанг
Дурнамо
Интихоби омӯзиши якумрӣ бо эътирофи сатҳи ҷаҳонӣ.
Рисолат
Муассиса омодагии шахсони алоҳида ва ташкилотҳоро барои оянда тавассути барномаҳои эътирофшудаи ҷаҳонӣ ва дорои салоҳият густариш медиҳад.
Арзишҳои асосӣ
Ихтисораи арзишҳои асосии ДРМС ОМӮЗИШ (LEARN) мебошад.
L : Омӯзиши якумрӣ – мо омӯзиши якумриро пайгирӣ мекунем.
E : Камолот – ба ҳадди камол ба мизоҷон хизматрасонӣ мекунем.
A : Қобилиятмеҳвар – таълим ва омӯзиши мо қобилиятмеҳвар аст.
R : Масъулият – мо барои сифати баланди барномаҳо масъулем.
N : Тарбия – мо истеъдодҳоро барои иқтисоди нав тарбия мекунем.
Фарҳанг
ДРМС фарҳанги омӯзиши якумрии мо ба рушду такомули иқтидори ҷонибҳои манфиатдор нигаронида шудааст.