News and Blog

Марҳилаи нави таҳсилот ва камолоти касбӣ

photo_2023-10-03_11-39-23
Хабарҳо

Марҳилаи нави таҳсилот ва камолоти касбӣ

2 октябри соли 2023 – ин сана як лаҳзаи муҳим дар таърихи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид: Донишкадаи Рушди Менеҷмент Сингапур дар Душанбе (MDIS Dushanbe) дарҳои худро ба рӯи аввалин донишҷӯёни барномаи соли заминавии таҳсил (Foundation year Certificate) боз карда, ба онхо имконияти беназири гирифтани маълумоти олии дарачаи байналмилалиро пешниҳод намуд.

Маросими оғози соли аввали таҳсил дар MDIS Dushanbe дар вазъияти тантанавӣ баргузор шуда, аҳамияти ин чорабинӣ барои ҳамагон ҷолибу назаррас ва хотирмон гардид. Ректори MDIS Dushanbe, мухтарам Мухторов Зайнидин Мухторович суханронӣ намуда, ба арзиши таълим ва накши он дар ташаккули мутахассиони варзида ва созандагони оянда ҷомеаи кишвар таъкид намуд. Ҳамзамон мавсуф донишҷӯёнро ба талош барои дониш ва рушди малакаҳои касбӣ ташвиқ намуда, аҳамияти таҳсилро бо забони англисӣ ва дар доираи стандартҳои навин арзёбӣ намуд ва нуктаҳои муҳимро дар самти имкониятҳои беназири касби камол дар сатҳи байналмилалӣ зикр кард. 

Яке аз лаҳзаҳои ҷолиби ин маросим хондани савганди донишҷӯ ва супоридани “калиди дониш” ба донишҷӯён буд, ки он рамзи дастрасӣ ба илму дониш ва фарҳангу ҳунари даврони муосир барои  донишчуён муаррифӣ мешавад. Маҳз чунин лаҳзаҳои хотирмон ба ҳадафи асосии MDIS Dushanbe далолат мекунад, ки он дар баробари роҳнамоӣ ба олами донишу ҳунар ҳамчунин барои тарбияи мутахассисони масъулиятшиносу салоҳиятдор, роҳбарони равандҳои гуногуни иҷтимоӣ ва бунёдкорони ҳаёти арзанда барои аҳли ҷомеа масъул аст.

Дар чорабинӣ, ки ҳам тариқи ғайриҳузурӣ (онлайн)  ва ҳам тариқи ҳузурт (офлайн) сурат гирифт, меҳмонони олиқадр аз мақомоти давлатӣ ва муассисаву ташкилотҳои гуногуни бахши хусусӣ иштирок доштанд: Муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода; Муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Файзуллозода Хуршед Мирзо; Сардори Раёсати равобити байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Худойдодзода, инчунин шарикон аз бахши хусусӣ – ҶДММ «Авесто Гурӯҳ», ҶДММ «Тоҷикгидроэлектромонтаж», гурӯҳи ширкатҳои «Коиноти Нав», ҳамчунин рӯзноманигорон, донишҷӯён ва волдайни онҳо ҳузур доштанд. Қобили зикр аст, ки чорабинии мазкур бахше аз стратегияи густариши шабакаи ҷаҳонии таҳсилот буда, ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки бидуни тарки Душанбе таҳсили босифати сатҳи ҷаҳониро касб намоянд.

Ҳамчунин, тариқи ғайриҳузурӣ (онлайн) меҳмонони гиромиқадр, намояндагони расмии MDIS – президенти MDIS доктор Эрик Куан, дабири кулли MDIS ҷаноби Шариф Бин Абдулҷафар ва ёвари дабири кулли MDIS ҷаноби Роҷер Тэм ширкат варзида, суханронӣ карданд ва арзишмандии чунин марҳилаҳоро арзишманд баҳогузорӣ намуданд. Дар баробари ин меҳмонон ба сифати баланди таълим дар донишгоҳ изҳори боварӣ намуда, қайд уврдвнд, ки  MDIS Dushanbe барои таҳсили босифат ва ҷалби омӯзгорони соҳибихтисоси хориҷӣ бо фарогири барномаҳои аккредитатсияшудаи байналмилалӣ шароиту имкониятҳои хубро фароҳам овардааст.

Бояд зикр кард, ки MDIS Dushanbe кампуси сеюми бурунмарзии Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ба шумор меравад, ки ин муассисаи таҳсилоти олии касбии маъруф соли 1956 таъсис ёфта, яке аз қадимтарин муассисаҳои ғайритиҷоратии Сингапур дар соҳаи маориф мебошад ва ҳадафи он ба омӯзиши ҳамешагии бардавоми умр бахшида шудааст. Ин муассиса барои ба донишҷӯён пешниҳод намудани барномаҳои таҳсилоти касбии сатҳи байналмилалӣ бо донишгоҳҳои машҳури шарик аз Бритонияи Кабир ҳамкорӣ мекунад.

Хусусияти ҷолиби таҳсил ва омӯзиш дар MDIS Dushanbe дар он аст, ки ба донишҷӯён бо истифода аз равишу усулҳои байналмилалӣ бо забони англисӣ таълим дода мешавад. Бегумон чунин низоми таҳсил ба донишҷӯён имкони воқеии касби бомуваффақиятро фароҳам меорад, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҳар кишвари ҷаҳон барои худ мақом ва мартабат ёбад, зеро соҳиби дипломи намунаи ягонаи MDIS ва донишгоҳҳои шарики он аз қабили Бритонияи Кабир (Донишгоҳи Сандерленд) мегарданд.

Баробари дар фазои маорифи кишварамон мақом пайдо кардани MDIS Dushanbe барои насли ҷавон ва донишҷӯёну толибилмони Тоҷикистон уфуқҳои нав барои фатҳи қуллаҳои нав пайдо шудааст, ки тавассути он донишҷӯён имкони касби камол ва татбиқи иқтидори худро дар сатҳи байналмилалӣ ба даст меоранд. Ин қадами муҳим ва арзишманд дар рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, барои насли ҷавони кишвар имкони дарёфти ҷойҳои хуби корӣ ва эҷоди ояндаи муваффақона ва дурахшонро фароҳам меоварад.

Categories