News and Blog

Муаррифии Барномаи Сертификати касбӣ аз забони англисӣ (PCIE) дар MDIS Душанбе

IMG_6972
Хабарҳо

Муаррифии Барномаи Сертификати касбӣ аз забони англисӣ (PCIE) дар MDIS Душанбе

Мо муаррифиро барои Барномаи Сертификати касбӣ аз забони англисӣ (PCIE) дар MDIS Душанбе бо роҳбарии омӯзгори варзидаи MDIS (Сингапур) хонум Маргарет Перейра муваффақона ва басо натиҷабахш гузаронидем!

Нуктаҳои муҳим аз муаррифии барнома:

Хонум Маргарет Перейра, омӯзгори собиқадори Мактаби забон ва таҳсилоти MDIS (Сингапур), ҳамчун садри ҷаласа ба иштирокчиён дар бораи Барномаи Сертификати касбӣ аз забони англисӣ маълумоти муфиду арзишмандро ироа намуд. Дар ҳамоиши мазкур иштирокчиён имкон пайдо карданд, ки аз дониши фарогир ва таҷрибаи арзишманди хонум Перейра дар самти омӯзиши забони англисӣ баҳравар гарданд. Зимни муаррифии Барномаи PCIE пешниҳод гардид, ки барномаи мазкур таълими малакаҳои гуногуни забонро дар бар мегирад ва дар ин замина ба баланд бардоштани сатҳи забони англисӣ дар муддати муайян тамаркуз мекунад.

Мо ба хонум Маргарет Перейра барои фидокорӣ ва муаррифии таҷрибаи арзишманди худ дар чорабинии мазкур изҳори сипос мекунем. Мусаллам аст, ки шавқу рағбати ӯ ба омӯзиши забон ва саъю кӯшиш ба рушди малакаҳои донишҷӯён воқеан рӯҳбахш ва қобили омӯзишу пайравӣ аст.

Мо бесаброна интизори истиқболи донишомӯзони ҳавасманду хушсалиқа дар ҳамоишҳо ва муаррифиномаҳои Барномаи PCIE дар MDIS Душанбе ҳастем. Бидуни шакк ин барнома як имконияти беҳтарин ва нотакрор барои баланд бардоштани малакаҳои забони англисӣ, васеъ кардани донишҳои шумо ва пешравии шумо дар дурнамои касбӣ дониста мешавад.

Барои маълумоти бештар дар бораи Барномаи PCIE дар MDIS Душанбе ҳамеша омода бошед ва аз ин лиҳоз ҳоло сабти ном кунед, то мавқеи арзандаи худро дарёбед ва бо мо ба мазраи писандидаи омӯзиши забон биравед!

#MDISDushanbe #PCIEProgram #Омӯзиши забони англисӣ #Маҳорати забон #Омӯзиши бардавоми умр

Categories