Муаррифии барномаи таҳсилоти умумикасбии MDIS Душанбе
31.07.2023 2024-08-13 16:30Муаррифии барномаи таҳсилоти умумикасбии MDIS Душанбе
Муаррифии барномаи таҳсилоти умумикасбии MDIS Душанбе
Душанбе, 21 июли соли 2023 – Дар Филиали Донишкадаи Рушди Менеҷменти Сингапур дар Душанбе нишасти басо ҷолибу хотирмони таҳсилоти умумикасбии MDIS Душанбе баргузор гардид, ки довталабон бесаброна интизораш буданд. Ҳамоиш рӯзи 21 июл баргузор шуда, хоҳишмандон аз тамоми қишрҳои ҷомеа ва манотиқи кишвар ҷалб гардиданд ва тавонистанд, ки дар бораи имкониятҳои таҳсил дар Донишкада маълумоти кофӣ гиранд.
Дар чорабинӣ баромадкунандагон дар бораи арзишҳои асосии барномаҳои таҳсилот ва як қатор дурнамои таълимӣ ва камолоти касбии донишҷӯён таъкид карданд. Аз ҷумла ҷаноби Ҷеймс Тео – Директори бахши барномаҳои таълимӣ ва роҳбари мактаби забонҳо ва таҳсилоти MDIS аҳамияти замнаҳои устувори таълими муосирро барои комёбиҳои шахс ва камолоти касбӣ махсус қайд намуд.
Муаррифии ҷаноби Янг Чин Чунг (Леонард) роҳбари Мактаби тиҷорат ва илмҳои иҷтимоии MDIS басо ҷолиб буд. Аз ҷумла ҷаноби Леонард тамаркузи барномаро ба таҳкими фаҳмиши ҳамаҷонибаи масъалаҳои тиҷорат ва равандҳои иҷтимоӣ, тавонмандсозии донишҷӯён бо малакаҳои арзишманду рақобатпазири бозори меҳнат таъкид кард.
Масъалаи дигари ҷолиби чорабинии мазкур суханронии ректори Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе, профессор Зайнидин Мухторов буд. Мавсуф таъкид намуд, ки Донишкада барои азму талоши донишҷӯён дар касби камло фазои муносибу мувофиқ фароҳам хоҳад овард, ки он бо роҳи интихоби дурусти касб, мақсадгузории дақиқ ва таъмини таҳсилоти босифат барои татбиқи нерӯи ҳар як донишҷӯй роҳандозӣ мегардад.
Дар давоми ҳамоиш, иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки бо донишҷӯён ва омӯзгорони соҳибкасб муошират карда, дар бораи муҳити самарбахши таълимӣ маълумоти муҳим ба даст оранд. Барномаи соли аввали умумикасбии таҳсил бояд як қадами устувор барои донишҷӯён буда, ҳамчун имкони ташаббус ва фаъолият дар фазои таҳсилоти олии касбии сатҳи байналмилалӣ хидмат кунад. Барномаи таълимии хуб таҳиягардида ва роҳнамоии мушаххаси инфиродӣ пешниҳод гардида, он донишҷӯёнро бо малакаҳо ва донишҳои зарурӣ барои касби афзалиятҳо дар соҳаҳои интихобкардаашон омода месозад.
Профессор Зайнидин Мухторов аз вокуниш ва робитаи мутақобилаи ширкаткунандагон изҳори арҷмандӣ карда, гуфт: “Мо аз чунин шавқмандии донишҷӯён ва пайвандони онҳо хеле шодем. Барномаи таҳсилоти олии умумикасбӣ барои омодасозии истеъдодҳои ҷавон ва раҳнамоии онҳо барои ояндаи муваффақона дар таҳсилот ва касби камол имкониятҳои созгорро пшбинӣ мекунад”.
Дар анҷоми ҳамоиш ширкаткунандагон бо эҳсоси интизорӣ ва ҳаяҷон барои имкониятҳои дастраси таҳсилот дар Донишкада изҳори назар намуданд. Барномаи соли таҳсили умумикасбӣ, ки соли аввали бакалавриатура дар Донишкада аст бешубҳа роҳро барои ҷавонони ташаббускору эҷодгар ва барои гузоштани нақши худ ва дарёти мақоми арзанда дар ҷомеа боз мекунад.
Барои онҳое, ки аз ин ҳамоиш қаблан хабар дарёфт накардаанд, MDIS Душанбе қабули муроҷиату дархостҳоро идома медиҳад. Бо дастгирии Донишкада муҳити муосири таҳсилот фароҳам оварда шуда, барои қабули довталабон тахфифҳои таҳсил то 20% дастрас мешавад (*Шартҳо ва меъёрҳои амалкунанда татбиқ мешаванд). Шумо метавонед як донишҷӯи муваффақи MDIS Душанбе бошед ва аз дастовардҳои беназири он баҳравар гардед.
Search
Categories