News and Blog

Нахустин Намоиши ташвиқоти MDIS Душанбе 2023

IMG_5068
Хабарҳо

Нахустин Намоиши ташвиқоти MDIS Душанбе 2023

18 марти 2023

Аз 18 то 22 март MDIS Душанбе аввалин Намоиши ташвиқоти (ROAD-SHOW) худро дар соли 2023 маълумот ва маводи таълимию фаъолияти самти таҳсилоти олии касбии худро муаррифӣ кард. Ҳадафи асосии чорабинӣ дастрас намудани маълумоти зарурӣ барои довталабони ҳавасманд, волидайн ва ҳаводорону хоҳишмандони таҳсилоти олии касбии сатҳи байналмилалӣ, ҳамчунин барномаҳои таълимӣ, талаботҳои қабул ва имкониятҳои касби ихтисосҳои гуногун дар MDIS Душанбе, иқтидори касбӣ ва заминаҳои илмию технологии марбут ба раванди таълим муаррифӣ гардид.

Мусаллам аст, ки иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар даврони муосир ҳамеша дар раванди таҳаввулоту дигаргуниҳо аст ва талабот ба касби малакаҳои мувофиқ, ҳатто ҳангоми шуғл барои тамоми мутахассисони соҳаҳои гуногун амри зарурии муваффақият ва комёбӣ дониста мешавад. Маҳз барои ҳамин ба довталабону донишҷӯён ва ҳатто мутахассисони ҷавон MDIS Душанбе барои ҳалли чунин муаммоҳои бозори меҳнат чи дар сатҳи кишвар ва чи дар сатҳи байналмилалӣ барномаи таълимии марбут ба соҳаҳои гуногунро пешниҳод менамояд, ки азбар намудани онҳо барои ба даст овардани бартарию афзалиятҳои муайян ва барои таҳаммули рақобатҳои гуногун дар фаъолияти касбӣ имконият медиҳад.

Дар ин росто MDIS Душанбе  барномаи солии аввали бакалавриатураро бо унвони Сертификати соли таҳсили умумикасбӣ (Foundation Year Certificate – FYC) пешниҳод менамояд, ки он курси заминавии таҳсил буда, пас аҳ гирифтани ин Сертификат донишҷӯй риштаи мушаххаси таҳсилотро барои се соли минбаъдаи бакалавриатураи худ мушаххас менамояд ва таҳсилро идома медиҳад. Бартари ин барнома дар он аст, ки дар давоми соли аввали таҳсил, яъне дар курси якуми бакалавриатура донишҷӯён бо шартҳои зарурӣ дар самти интихоби касб бапуррагӣ ошно гардида, ҳамзамон фанҳои умумикасбии муосирро азбар менамоянд. Сертификати  соли таҳсили умумикасбӣ (FYC) бо омӯзиши барномаҳои таълимии таҳсилот дар давоми ду семестр сурат мегирад, ки донишҷӯй пас аз супоридани имтиҳонот соҳиби ин сертификат мегардад ва ин санад барои донишҷӯй ҳамчун роҳхат ба соли дуюми таҳсил дар MDIS Душанбе  аст. Зикри ин нукта муҳим аст, ки барномаҳои таълимии Сертификати  соли таҳсили умумикасбӣ (FYC) аз ҷониби MDIS (Сингапур) тарҳрезӣ шуда, барои довталабоне мебошад, ки мактаби миёнаро бо низоми таҳсилоти миёнаи 11-сола хатм кардаанд ва мехоҳанд таҳсилро дар MDIS Душанбе оғоз кунанд. Дар  соли таҳсили умумикасбӣ (FY) барои донишҷӯён дар рушди малакаҳои забони англисӣ ва муоширати касбию соҳавии онҳо имкониятҳои беназир фароҳам оварда мешаванд. Онҳо инчунин аз фанҳои математика, асосҳои технологияҳои иттилоотӣ, муқаддимаи мудирияти тиҷорат донишу малакаҳои худро тақвият мебахшанд.

Ҳамзамон барои донишҷӯён аз соҳаҳои гуногун ба монанди тиҷорат, технологияҳои иттилоотӣ ва киберамният, туризм ва меҳмондорӣ тавсеаи донишу фаҳмиш ва рушди малакаҳои заминавӣ имконпазир мегардад.

Ба донишҷӯён омӯзгорон ва лекторҳои варзида бо таҷрибаи чандинсолаи соҳаи саноат ва иқтисодияту иттилоот таълим медиҳанд, то ки натиҷаи беҳтарини омӯзиш ба даст оварда шаванд.

Дар намоиши ташвиқоти MDIS Душанбе ҳамзамон маълумоти арзишманд пешниҳод гардида, омӯхтани як қатор фанҳои марбут ба талаботи даврони муосир бо истифода аз таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ тариқи машварати ройгон ва як ба як таъкид карда шуд. Ҳамчунин барои ҳамагон зикр гардид, ки аз нархномаи қаблан муайянгардида донишҷӯёни метавонанд 20% тахфиф барои таҳсил гиранд, ки шарти он бо риояи талаботи амалкунанда сабти ном шудани довталабон аст.

Categories