НАМОИШИ СЕЮМИ ТАШВИҚОТИИ НАМОЯНДАГОНИ MDIS ДУШАНБЕ БО НАМОЯНДАГОНИ РАСМИИ MDIS СИНГАПУР
31.07.2023 2024-08-13 16:30НАМОИШИ СЕЮМИ ТАШВИҚОТИИ НАМОЯНДАГОНИ MDIS ДУШАНБЕ БО НАМОЯНДАГОНИ РАСМИИ MDIS СИНГАПУР

НАМОИШИ СЕЮМИ ТАШВИҚОТИИ НАМОЯНДАГОНИ MDIS ДУШАНБЕ БО НАМОЯНДАГОНИ РАСМИИ MDIS СИНГАПУР
MDIS Душанбе санаи 2 – 4 июн дар Маркази савдои Душанбе Намоиши сеюми ташвиқотии худро баргузор намуд, ки дар байни донишҷӯён, волидайн ва ҳавасмандони таҳсил дар макотиби олӣ як шавқу ҳаяҷони вижаро ба миён овард. Чорабинии мазкур боз як далели омодагии MDIS Душанбе дар самти тавонмандсозии низоми таҳсилоти олии касбии кишвар ва фароҳам овардани замина барои бунёди эҷоди фазои устувори таълимӣ дар мамлакат буд. Намоиши ташвиқотӣ як қатор рӯйдодҳои барҷастаро муаррифӣ кард, ки он ба ширкаткунандагон завқу илҳоми тоза бахшида ононро ба касби камол бештар ҳавасманд кард. Дар ин чорабинӣ имконияти басо хуб барои ширкаткунандагон буд, ки онҳо мустақиман бо намояндагони расмии MDIS Сингапур сӯҳбат кунанд, аз онҳо оид ба масъалаҳои мубрами таҳсилоти олии касбӣ суол кунанд. Ҳузури намояндагони расмии MDIS Singapore ба чорабинии мазкур боз як шукуҳи тозаи байналмилалӣ бахшид.

Ҳамчунин иштирокчиён имконияти хуб доштанд, ки бо меҳмонон мусоҳибаҳои пурмуҳтаво анҷом диҳанд, дар бораи барномаҳои байналмилалӣ ва эътибору маъруфияти MDIS Сингапур нуктаҳои ҷолибро донанд. Чунин муносибати хуб ба табодули байнифарҳангӣ мусоидат кард ва ба шахсони алоҳида имкон дод, ки дурнамои худро оид ба таҳсил тавсеа бахшанд. Ин машваратҳо ҳамзамон ба шахсони алоҳида имкон дод, ки дар бораи барномаҳои гуногуни таълимӣ, аз қабили Шаҳодатномаи касбӣ аз забони англисӣ, Сертификати соли таҳсили умумикасбӣ ва Дипломи касбӣ дар соҳаи туризм ва меҳмондорӣ, ки аз ҷониби MDIS Душанбе пешниҳод шудааст, маълумот гиранд, роҳҳои имконпазири касби камолро дар ин самтҳо дониста бошанд ва аз роҳнамоии меҳмонон барои расидан ба орзуҳои ҷолиби худ баҳравар шаванд. Чунин вохӯриҳо ва мусоҳибаҳо бениҳоят муфид буданд ва ба иштирокчиён дар бораи таҳсилоти оянда тасаввуроти равшан ва имкони хулосабарориҳои мушаххасро фароҳам оварданд.

Барои боз ҳам ҷолиб шудани ин ҳамоиш ба иштирокчиён тӯҳфаҳои ҷолиби рамзӣ дода шуд. Ин муносибат аз ҷониби MDIS Душанбе на танҳо чорабиниро ҷолиб ва пуробуранг сохт, балки ҳамчун нишонаҳои хотирмон аз рисолату ҳадафҳои муассиса барои таҳкими муҳити мусоид барои касби камол ва донишомӯзӣ боқӣ хоҳад монд. Илова бар ин, иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки аз тахфифҳои дастраси таҳсилот баҳравар бошанд, ки минбаъд дастрасии таҳсилоти босифатро барои онҳо беҳтар месозад. Намоиши ташвиқотии мазкур танҳо як чорабинии пешниҳоди имконоти таҳсилот набуда, он инчунин як омили дилхушӣ ва имкони ба даст овардани тӯҳфаҳои ҷолиб буд. Иштирокчиён аз намоишҳои ҷолиби фарҳангӣ ва чорабиниҳои аҷоиби муштаракфаъол баҳравар шуданд. Махсусан бозии бурдҳои гуногун як ҳолати писандидаи интизорӣ ва ҳаяҷонро фароҳам сохт, зеро ғолибони озмунҳо басо хушҳол ва бо туҳфаҳои арзишманд қадршиносӣ шуданд ва як таассуроти нотакрорро аз намоиш ба худ гирифтанд.

Бо ҳамин тартиб, Намоиши ташвиқотии сеюми MDIS Душанбе дар Маркази савдои Душанбе “Душанбе Мол” ба таври назаррас собит намуд, ки тавонмандии таҳсилоти олии касбии кишвар ва фароҳам овардани имкониятҳои ҷолиб ба шахсони алоҳида дар Тоҷикистон барои ҳамагон муҳайёст. Дар ин росто махсусан машваратҳои рӯбарӯ ва як ба як, муаррифиҳои дилпазир, муошират бо намояндагони MDIS Сингапур, тӯҳфаҳои хотирмон, тахфифҳои таълимӣ ва имконоти фароғатии ҳаяҷонбахш барои ҳамаи иштирокчиён лаҳзаҳои фаромӯшнлшуданӣ гаштанд. MDIS Душанбе мутмаин аст, ки минбаъд низ ба якояки ҳаводорону хоҳишандон имкониятҳои нотакрору нодир ва ҷолибро пешниҳод хоҳад намуд, ки барои касби дониш ва рушди малакаҳои зарурӣ, барои саҳмгузории таҳсилкунандагони худ дар пешрафти ҳаёти ҷомеа созгор мебошад.
.

Related Posts
Марҳилаи нави таҳсилот ва камолоти касбӣ
Маросими гузоштани санги асоси сохтмони шаҳраки MDIS дар Душанбе
Боздиди MDIS Душанбе аз Маркази таълимии «Қалам»
Вохӯрии солонаи волонтёрони «Пешрафт» бо MDIS Душанбе
Нахустин Намоиши ташвиқоти MDIS Душанбе 2023
Search
Categories