Нишасти матбуотӣ
07.08.2026 2026-08-07 16:30Нишасти матбуотӣ
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!
Филиали Донишкадаи Рушди Менеҷменти Сингапур дар Душанбе Шуморо барои иштирок дар нишасти матбуотӣ, ки ба муаррифии натиҷаҳои фаъолият, дастовардҳо ва рушди муассиса дар нимсолаи аввали соли 2026 бахшида шудааст, самимона даъват менамояд.
Дар ҷараёни чорабинӣ инчунин самтҳои афзалиятноки фаъолият ва нақшаҳои соли таҳсили 2026/2027, аз ҷумла барномаҳои нави таълимӣ, ташаббусҳои шарикӣ, имкониятҳои нав барои донишҷӯён ва дурнамои рушди минбаъдаи муассиса муаррифӣ карда мешаванд.
Сана: 12 Август, 2026
Вақт: 09:00
Макони баргузорӣ: Филиали Донишкадаи Рушди Менеҷменти Сингапур дар Душанбе
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Саид Носиров, 33
Аз иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма истиқбол намуда, омодаем дастовардҳо, нақшаҳои рушди минбаъда ва саҳми муассисаро дар рушди таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намоем.
Related Posts
Барномаи тайёрӣ ба имтиҳони дохилшавии англисӣ дар MDIS Душанбе.
Миннатдории самимӣ ба ризокорон: MDIS Душанбе маросими қадрдонӣ баргузор намуд
Search
Categories