News and Blog

Нишасти матбуотии MDIS Dushanbe: рушди институтсионалӣ, густариши барномаҳои таълимӣ ва шарикиҳои стратегӣ

IMG_7616 (2)
Хабарҳо

Нишасти матбуотии MDIS Dushanbe: рушди институтсионалӣ, густариши барномаҳои таълимӣ ва шарикиҳои стратегӣ

Санаи 9 феврали соли 2026, Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе (MDIS Душанбе) барои намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ доир намуд, ки дар он дастовардҳои асосӣ, марҳилаҳои муҳими рушди институционалӣ ва самтҳои стратегии фаъолият муаррифӣ гардиданд. Чорабинӣ имконият фароҳам овард, ки пешрафти Институт, аз ҷумла рушди барномаҳои академӣ, афзоиши ҷомеаи донишҷӯён ва густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намояд.

Дар ҷараёни нишаст Ректори MDIS Душанбе, профессор Зайнидин Мухторов, ва Декан, профессор Энди Тан, рушди устувори Донишкадаро шуруъ аз замони оғози фаъолияти филиал дар соли 2021 ва қабули аввалин донишҷӯён дар соли 2023 ва рушди минбаъдаи он таъкид намуд. Дар ин давра Донишкада барномаҳои таълимии худро тақвият бахшида, ҳамкориҳоро густариш дод ва мавқеи худро дар низоми таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким бахшид. Айни замон MDIS Душанбе барои қабули соли чоруми донишҷӯён омодагӣ мебинад, ки ин аз афзоиши талабот ба таҳсилоти байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.

Намояндагони Донишкада инчунин татбиқи самараноки барномаҳои академиро, ки дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои бонуфузи Британияи Кабир, аз қабили Донишгоҳи Сандерланд (University of Sunderland) ва Донишгоҳи Тессайд (Teesside University), амалӣ мешаванд, махсус қайд карданд. Ин ҳамкорӣ ба донишҷӯён имконияти гирифтани дипломҳои байналмилалии Британияи Кабирро фароҳам меорад. MDIS Душанбе барномаҳои бакалавриатро дар самтҳои «Менеҷменти бизнес ва молия», «Менеҷменти бизнес ва маркетинг», «Технологияҳои иттилоотӣ», «Киберамният» ва «Менеҷменти туризми байналмималӣ ва меҳмондорӣ» пешниҳод менамояд, инчунин барномаи магистратураи зинаи «Магистри мудирияти бизнес» (МВА – Master of Business Administration) ва ҳамчунин курсҳои таълими забони англисиро амалӣ менамояд.

Дар нишаст таҳаввулот ва густариши мусбати қабули донишҷӯён низ таъкид гардид, ки дар ин росто Донишкада шуруъ аз қабули аввалин донишҷӯён бо теъдоди 25 нафар оғоз намуда, аллакай дар соли сеюм ин миқдор ба 134 нафар расидааст. Донишкада афзоиши пайвастаи шумораи донишҷӯёнро нишон медиҳад, ки ин ба рушди ҷомеаи академӣ ва афзоиши таваҷҷуҳ ба таҳсилоти муосири байналмилалӣ далолат мекунад.

Дар ин росто таваҷҷуҳи махсус ба ҳамкориҳои стратегии Донишкада бо ташкилоту корхонаҳои пешрафтаи Тоҷикистон, аз ҷумла иттиҳоди ширкатҳои «Коиноти нав», «Авесто гурӯҳ», «Тоҷикгидроэлектромонтаж», «Tcell»  равона гардид ва таъкид шуд, ки ин шарикиҳо ба рушди ицтидори акабемь ва имкониятҳои таълимӣ, дастгирии ташаббусҳои донишҷӯён ва таҳкими робита байни таҳсилот ва бозори меҳнат мусоидат мекунанд. Ҳамзамон, MDIS Душанбе ҳамкориҳоро бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома медиҳад, ки ба ташаббусҳои муштарак ва мубодилаи донишу таыриба равона шудаанд.

Дар баробари рушди ицтидори академӣ, MDIS Душанбе ба ташаккули муҳити фаъол ва ҷолибу шавцовари донишҷӯён аҳамияти калон медиҳад. Донишҷӯён дар ташаббусҳои ёваронаву волонтёрӣ, чорабиниҳои донишҷӯён ва дигар фаъолиятҳои кампус ба таври фаъолона иштирок намуда, малакаҳои роҳбарӣ, ҳамкорӣ ва ҳисси ҳамбастагиро рушд медиҳанд. Рушди клубҳои донишҷӯён ва фаъолиятҳои иловагӣ ҳаёти кампусро боз ҳам ғанӣ мегардонад.

Дар оянда MDIS Душанбе ният дорад барномаҳои таълимиро густариш дищад, ҳамкориҳои институционалиро таҳким бахшад ва таҳсилоти таҷрибамеҳварро рушд диҳад ва бо чунин иқдом дар рушди захираҳои инсонӣ ва иқтидори касбии мутахассисони ҷавон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шукуфоии ҳаёти мардуми кишвар саҳми босазо гузорад.