Омӯзиши берун аз таълимгоҳ: сафар ба Alif Bank
12.11.2025 2025-12-09 14:35Омӯзиши берун аз таълимгоҳ: сафар ба Alif Bank
12 ноябр донишҷӯёни барномаи Higher Diploma in IT аз MDIS Dushanbe имконияти нодир ёфтанд, ки ба Alif Bank — яке аз муассисаҳои пешбари технологияҳои пешқадами молиявӣ дар Тоҷикистон — ташриф баранд. Ин сафар бо мақсади шиносоии бештар бо равандҳои воқеии Технологияи иттилоотӣ, технологияҳои муосири бонкӣ ва нақши афзояндаи киберамният дар бахши молия ташкил карда шуд.
Донишҷӯёнро мутахассисони риштаи киберамният — Насим Садуллоев, Гуланор Атобек, Гайратҷон Исмоилов — ва Назира Носирова аз шуъбаи маркетинг самимона пешвоз гирифтанд.
Онҳо ба донишҷӯён инфрасохтори техникиро нишон дода, фаҳмонданд, ки чӣ гуна системаҳои Технологияи иттилоотӣ амалиётҳои бонкӣ, пардохтҳои рақамӣ ва хизматрасонии муштариёнро дастгирӣ мекунанд. Донишҷӯён бо иртиботи байни нармафзор, абр-системаҳо ва амнияти маълумот аз наздик шинос шуданд.
Ҳамоиши махсуси киберамният, ки онро Ғайратҷон Исмоилов гузаронд, барои донишҷӯён басо муассир ва арзишманд буд. Ӯ дар бораи роҳҳои муҳофизати бонк аз таҳдидҳо, шиносоии ҳамлаҳо ва протоколҳои амниятӣ нақл кард. Ин барои донишҷӯёни машғул ва шавқманд ба риштаҳои марбут ба самтҳои этикаи соҳа чун “Ethical Hacking”, Амнияти шабакаҳо (Network Security) ва ё Мудирияти хавфҳои рақамӣ (Digital Risk Management) бисёр арзишманд буд.
Назира Носирова аз нуқтаи назари маркетинг нишон дод, ки чӣ гуна технология ва маркетинг якҷоя таҷрибаи муштариёнро беҳтар мекунанд.
Дар маҷмӯъ, сафар ба Alif Bank ба донишҷӯён фаҳмиши наву тозаи соҳа ва таҷрибаҳои хубиамалӣ дода, донишҳояшонро таҳким бахшид ва онҳоро барои омӯзиши минбаъдаи Технологияҳои иттилоотӣ ва киберамният илҳому шавқи тоза бахшид.
Муаллиф: Декан, Энди Тан Киен Чианг

