Паёми ректор
12.07.2023 2023-07-12 21:27Паёми ректор
Паёми ректор
Хуш омадед ба Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе!
Тавре ки мо медонем, шаҳри Душанбе шаҳри орзуҳои мардуми тоҷик ва махсусан ормону умеди ҷавонони тоҷик аст. Тавре ки мебинем, солҳои ахир дар шаҳри мо дигаргуниҳои густарда, босуръат чашмрас гардида, рушди пайвастаи ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, сиесӣ, илмӣ ва технологӣ идома дорад. Дар айни замон, Душанбе воқеан шаҳри дастовардҳо, шаҳри эҷодкорӣ ва санъат, шаҳри кашфиёти беназир аст. Аз ин нуқтаи назар, Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе иқтидори зеҳнӣ ва илмии кишвари азизамонро рушд хоҳад дод.
ДРМС як Донишкадаи касбии ғайритиҷоратӣ барои омӯзиши бардавом аст, ки соли 1956 таъсис ёфтааст ва дар Сингапур, Малайзия, Ӯзбекистон ва ҳамакнун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шаҳракҳои донишҷӯёни худро дорад.
Идеяи таъсиси шаҳраки донишҷӯён дар Душанбе бо даъвати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути фиристодагони расмӣ, ки ба Сингапур ва дигар кишварҳо сафар намуданд, ба миён омад, ки барои дарёфти муассисаи пешқадам бо барномаҳои босифати таълимӣ ва ихтисосҳои эътирофшудаи байналмилалӣ пешбинӣ шуда буд. Ин ташаббусҳо барои рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадафҳои он мусоибат мекунанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҷумҳурии Сингапур бо дастовардҳои худ дар соҳаи технология, илм ва маориф пешрафта аст ва аз ин нигоҳ ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф ва омода намудани кадрҳои баландихтисос як амри хеле арзанда мебошад. Аз тарафи дигар, Ҷумҳурии Сингапур бо Ҷумҳурии Тоҷикистон шабоҳати муайян дорад. Ҳам Сингапур ва ҳам Тоҷикистон дорои қаламравҳои калон нестанд. Сингапур дар асри 20 истиқлолияти худро ба даст овард, дар ҳоле ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар охири асри 20 истиқлолияти худро ба даст овард.
Ин ду кишвар ҳамеша тавассути сиёсати дарҳои кушод ва муносибатҳои озоди иқтисодӣ рушд мекунанд ва ҳар ду кишвар дар минтақаи Осиё ҷойгиранд.
Тоҷикистон бо 10 миллион аҳолӣ аз замони соҳибистиқлолии худ рушди назарраси иқтисодиро аз сар мегузаронад. Барои ДРМС Душанбе басо арзанда аст, ки ба рушди кишвар тавассути таҳсилоти роҳбарони ояндаи ташкилоту корхонаҳои ба рушди босуръати иқтисодӣ мусоидаткунанда, саҳм гузорад. Мо аз донишгоҳҳои бонуфузи Британияи Кабир барномаҳои таълимии дар саросари ҷаҳон эътирофшудаи соҳавиро пешниҳод хоҳем кард. Ин барномаҳо аз ҷониби ҳайати олимону мутахассисон ва омӯзгорони варзидаи сатҳи байналмилалӣ татбиқ мешаванд.
Шаҳраки ДРМС Душанбе ба донишҷӯен имкон медиҳад, ки онҳо аз таҳсилоти фаромиллӣ баҳри гиранд ва барои фаъолият дар иқтисоди кишвар ва сатҳи байналмилалӣ мақоми худро ёбанд. Ҳамаи дарсҳо дар синф бо забони англисӣ гузаронида мешаванд, ки ба донишҷӯён барои мутахассисони варзида ва роҳбари муваффақ шудан имконияти васеъ медиҳад.
Аз ин нуқтаи назар, бо итминони комил метавон гуфт, ки ҳамкории ин ду кишвар ба ояндаи халқҳои мо саҳми бузург хоҳад гузошт. Мо итминон дорем, ки Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе яке аз рамзҳои муҳими рушд ва шукуфоии кишвари мо хоҳад буд.
Ректори ДРМС Душанбе
Мухторов Зайнидин Мухторович