Форуми байналмилалии нахустини MDIS Душанбе: Пайванди маориф, тадқиқот ва навоварӣ.
25.04.2026 2026-05-01 9:07Форуми байналмилалии нахустини MDIS Душанбе: Пайванди маориф, тадқиқот ва навоварӣ.
Форуми байналмилалии нахустини MDIS Душанбе: Пайванди маориф, тадқиқот ва навоварӣ.
Форуми байналмилалии нахустин бо унвони «Тавсеаи ҳамкории илмӣ ва техникӣ дар таҳсилоти олии касбӣ» рӯзи 25 апрели соли 2026 дар кампуси MDIS Душанбе бомуваффақият баргузор гардид. Ин рӯйдоди муҳим олимон, муҳаққиқон ва мутахассисони соҳаҳоро барои эҷоди фазои ҳамкориҳо ва мубодилаи донишу таҷриба ба ҳам оварда, имкониятҳои нави ҳамкории байналмилалиро фароҳам овард.
Форум бо суханронии ифтитоҳии профессор Зайнидин Мухторов – ректори MDIS Душанбе оғоз ёфт, ки аҳамияти таҳкими шарикиҳои академии байналмилалӣ ва рушди навовариро тавассути таҳқиқоти муштарак ва мубодилаи донишу таҷриба махсус таъкид намуд. Ҳамчунин зикр гардид,
ки чунин платформаҳо барои пешбурди таҳсилоти олии касбӣ дар Тоҷикистон ва мутобиқсозии он бо меъёрҳои байналмилалӣ заруранд.
Барнома ҳам ҷаласаҳои онлайн ва ҳам ҳузуриро дар бар гирифт, ки миқёси байналмилалии форумро инъикос мекард. Дар ҷаласаи онлайн ҷаноби Далерҷон Хоҷибоев дар мавзӯи «Ҳамкории байналмилалии илмӣ ва навоварӣ дар маорифи об: таҷрибаи Институти кӯҳӣ ва металлургии Тоҷикистон» баромад намуд. Маърӯзаи ӯ аҳамияти ҳамкории фаромарзиро дар ҳалли масъалаҳои муҳим, аз ҷумла идоракунии захираҳои об тавассути маориф ва навоварӣ таъкид кард.
Баромад ва рӯнамоҳои ҳузурӣ бо суханронии доктор Океома Ҷон-Пол Океке аз Донишгоҳи Сандерланд оғоз ёфт, ки нақши таҳсилоти фаромиллиро дар бартараф кардани фарқият байни таҳсилоти олӣ ва ниёзҳои бозори меҳнат дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон баррасӣ намуд. Андешаҳои ӯ нишон доданд, ки ҳамоҳангсозии институтсионалӣ ва табдили малакаҳо метавонанд имконияти шуғли хатмкардагонро беҳтар созанд.
Баъдан омӯзгори Донишкада Олим Алимов таҳлили низоми махсуси сармоягузории таъсирбахшро муаррифӣ намуд, ки ба хавфҳо ва натиҷаҳои фаъолияти бозорҳои саҳмияҳои давлатӣ равона шуда буд. Баромади муҳаққиқ андешаҳои арзишмандро вобаста ба қабули қарорҳои асосноки молиявӣ ва стратегияҳои сармоягузорӣ пешниҳод намуд.
Ҷаноби Энди Тан аз MDIS Душанбе бахши презентатсияҳоро бо муҳокимаи ҳамкории байналмилалии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сингапур муаррифӣ намуда, таъкид намуд, ки саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сингапур дар самти ҳамкориҳои соҳаи илму маориф ва фарҳанг басо назаррас ва муҳим аст, ки фаъолияти Доншикдаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе натиҷаи ин
ташаббусҳои беназир аст.
Форум бо муҳокимаи озод ва суханони хотимавӣ анҷом ёфт, ки дар он иштирокчиён ба гуфтугӯи пурмазмун машғул шуданд ва андешаҳои худро оид ба таҳкими ҳамкории илмӣ ва техникӣ дар самти таҳсилоти олии касбӣ иброз намуданд. Дар маҷмӯъ, ин рӯйдод қадами муҳим дар пешбурди ҳамкории байналмилалии академӣ ва мубодилаи донишу таҷриба ҳам дар сатҳи дар минтақа ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ мешавад.
Related Posts
Барномаи тайёрӣ ба имтиҳони дохилшавии англисӣ дар MDIS Душанбе.
Миннатдории самимӣ ба ризокорон: MDIS Душанбе маросими қадрдонӣ баргузор намуд
Search
Categories





