News and Blog

Шиносоӣ бо соҳаи телеком: сафар ба Tcell

Рисунок4
Хабарҳо

Шиносоӣ бо соҳаи телеком: сафар ба Tcell

Ҷумъа, 28 ноябр, донишҷӯёни ихтисоси “Технологияи иттилоотӣ” ба ширкати Tcell дар Душанбе ташриф оварданд, ки онҳоро роҳбарон ва мудирони бахшҳо хушнудона истиқбол карданд.

Сомон Бахромзода — менеҷери маҳсулот ва лоиҳаҳо — аз ташаббусҳои стратегии ширкат ва нақши инноватсия нақл кард.

Баъдан донишҷӯён бо самтҳои асосии амалиёт шинос шуданд:

  • Нажмуддин Нажмудинов — менеҷери логистика — дар бораи занҷираи таъмин ва идораи анборҳо сухан гуфт.
  • Эраҷ Йоғбеков — менеҷери амнияти иттилоотӣ — дар бораи протоколҳои амниятӣ ва пешгирии ҳамлаҳо шарҳ дод.
  • Бежан Ширинбеков — менеҷери рушди эътимод — таҷрибаи худро дар бораи истифодаи таҳлили маълумот барои беҳтар кардани муносибат бо муштариён нақл кард.
  • Ҷаҳонир Раҳматов — роҳбари шуъбаи Технологияи иттилоотӣ — дар бораи рушди инфрасохтори техникӣ ва ҳамгироии системаҳо сухан гуфт.
  • Суруш Раҳмонӣ — менеҷери коммуникатсия — принсипҳои муоширати корпоративиро шарҳ дод.
  • Маруф Рабизода — менеҷери OMC NOC — раванди мониторинг ва идораи шабакаро дар вақти воқеӣ нишон дод.
  • Замира Шорахматуллоева — роҳбари шуъбаи ҳуқуқӣ ва HR — дар бораи сиёсати кадрӣ ва қонунгузории соҳа сухан ронд.
  • Мирзод Дилшод, муҳосиби калон — системаи амалиёти молиявӣ ва низоми кори онро фаҳмонд.
  • Фарзон, менеҷери бахши B2B/B2G — дар бораи ҳамкорӣ бо ташкилотҳо ва сохторҳои давлатӣ баромад каод.

Хулоса

Ин сафар ба донишҷӯён таҷрибаи амалӣ дод, ба онҳо имкон дод, ки коркарди воқеии технологияҳои ИКТ дар ширкатҳои калонро дарк кунанд ва барои рушди касбии минбаъда заминаи устувор фароҳам овард.