Вохӯрии солонаи волонтёрони «Пешрафт» бо MDIS Душанбе
31.07.2023 2024-08-13 16:30Вохӯрии солонаи волонтёрони «Пешрафт» бо MDIS Душанбе
Вохӯрии солонаи волонтёрони «Пешрафт» бо MDIS Душанбе
28 феврали 2023
28 феврали соли 2023 Ҷамъияти волонтёрони Пешрафт ҷамъомади ҷамъбастии волонтёрони худро барои соли 2022 баргузор намуд. Матлюба Салихова, роҳбари созмони мазкур оид ба таърихи «Пешрафт», рисолати он, вазифаҳо ва фаъолияти он маъруза кард. Мавсуф дар бораи лоиҳаҳои асосии «Пешрафт» сухан гуфта, нуктаҳои басо ҷолибро барои ширкаткунандагон ироа намуд. Баъд аз он Абдулло Қурбонов, ки аз ташаббускоро ва муассисони ташкилот шинохта мешаванд, дар мавзуи чор омили устувор «Одамон, принсипҳо, максад ва суботкорӣ» маърузаи пурмуҳтаво намуданд, ки он барои ҳамагон шавқовар ва арзишманд буд. Дар ин росто волонтёрон бо арзишҳои асосии ҳаёти инсон, муаммоҳои он шинос шуданд ва барои фаъолияти самаранок дар ин самт тавсияҳои ҷолиб гирифтанд. Онҳо инчунин дар бораи арзишҳои фаъолияти волонтёрӣ дар «Пешрафт» маълумот гирифта, ба онон таъкид шуд, ки щар гощ метавонанд як ҷузъи муҳиму ногусастании ин шабака бошанд, то ки боз ҳам бештар интизориҳои худро дар фаъолияти «Пешрафт» татбиц намоянд ва аз волонтёронаш таырибащои бештар биомӯзанд.
.
Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки дар зиндагӣ танҳо сухан гуфтан муҳим нест, балки амал кардан ва ба мақсадҳо расидан бештар аз ҳама муҳим аст ва танҳои дар мавриди амал мо ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил шуда метавонем.
Дар қисми дуюми чорабинӣ ҷаноби Эндрю Картер, устоди MDIS ва омӯзгори махсус даъватшудаи MDIS Душанбе, ки таҷрибаи зиёда аз 20-солаи омӯзгориро дорад, оид ба барномаҳои таълимӣ ва муваффақшавии ҷавонон дар даврони муосир маъруза кард. Номбурда ба иштирокчиён дар бораи имкониятҳо ва дурнамои дохилшавӣ ба MDIS Душанбе маълумоти ҷолиб пешниҳод намуд.
Инчунин дар интиҳои маъруза эълон шуд, ки ҷаноби Эндрю Картер ҳамаро барои муайян кардани сатҳи забони англисӣ дар тӯли як моҳ аз тести махсус мегузаронад ва то оғози дарсҳо, ки дар моҳи июни соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, давоми моҳи март ба донишҷӯён ҳар рӯз ду дарси ройгон медиҳад.
Дар охир ректори MDIS Душанбе Мухторов Зайнидин ба ҳамаи ширкаткунандагон, аз ҷумла ба волонтёрон, ки қисми бештарашон хонандагону донишҷӯёнанд комёбӣ ва махсусан дар тахсилу омӯзиш ва касби камол комёбӣ, собитқадамӣ, эътимод ба худ ва хушбиниҳои бештару беҳтар таманно намуд. Мавсуф ҳамчунин қайд кард, ки MDIS Душанбе маконест, ки ҳар кас метавонад орзуҳои худро дар он ва тавассути он амалӣ созад ва тавонмандии худро афзун гардонад. Таъкид гардид, ки дар вохӯрии солонаи волонтёрони «Пешрафт», ки дар бинои MDIS Душанбе сурат гирифт, имконияти хубе фароҳам омад, ки Донишкада ба ҷавонону довталабон ва ҳаводорону ҳавасмандон иттилооти ҷолибро оид ба дидгоҳ ва рисолати MDIS Душанбе, инчунин барномаҳои таълимии имсолаи худ пешниҳод намоем. Ҳамакнун барои қабули донишҷӯён дар айни замон 20% тахфиф барои пардохти таҳсилот бо назардошти шартҳои амалкунанда пешниҳод мешавад.
.
Search
Categories